Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Чорабиниҳои идона дар қисмҳои низомии шаҳри Хуҷанд

Чорабиниҳои идона дар қисмҳои низомии шаҳри Хуҷанд

24-02-2017, 11:13
Хабарро хонданд: 207 нафар
Назарҳо: 0
Чорабиниҳои идона дар қисмҳои низомии шаҳри ХуҷандРӯзи гузашта бахшида ба 24 солагии таъсисёбии Артиши Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми қисмҳои низомии дар шаҳри Хуҷанд ҷойгир буда чорабиниҳои тантанавӣ баргузор гашт.
Аз ҷумла чунин як тантанаи пуршукӯҳи идона дар қисми низомии 3501 Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Дар қисмати расмӣ тамоми сарбозону афсарони дар майдони низомӣ ҷамъомадаро муовини аввали Раиси шаҳри Хуҷанд Хайрулло Ғайбуллозода аз номи Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз табрик намуд. Ҳамчунин фармондеҳи қисми низомии 3501 Насриддин Умарзода доири омодагии ҳамешагии ҳайати ин қисми низомӣ сухан гуфта, барои эътибору таваҷҷӯҳ ва дастгирии ҳамаҷониба ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосмандӣ намуд.
Ба сарбозону афсароне, ки ба нишондиҳандаҳои беҳтарини омодагии ҷангиро ноил гаштанд, аз ҷониби роҳбарияти ин қисми низомӣ Ифтихорнома. Сипоснома, тӯҳфаҳои хотиравӣ ва рутбаи навбатии ҳарбӣ супорида шуд.
Баъдан сарбозон намунаи машқҳои ҷангию тактики худро ба иштирокдорони чорабинии идона намоиш дода, бо гузашти низомӣ ин қисмати ҷамъомадро ба анҷом расонанд.
Баромади ҳунармандони Хонаи маданияти шаҳр ба ин тантана шукуҳи хоса бахшид.
Барои ҳайати хизматчиёни тамоми қисмҳои низомии дар маркази вилоят қарор дошта бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дастурхони идона ороста шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: