Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан

Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан

21-11-2016, 15:24
Хабарро хонданд: 391 нафар
Назарҳо: 0
  Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан
Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар асоси нақшаҳои қаблан тарҳрезишуда якчанд чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ, варзишию сиёсиро дар ташкилотҳои ибтидоӣ ва корхонаву муассисаҳо доир намуд.
Мавриди зикр аст Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд тасмим гирифт, ки дар қисми низомии 35-01 бо афсарону аскарон вохӯрии судманд доир намуда, дастурхони идона барои онҳо ташкил намояд.
Дастурхони идона бо ҳамаи нозу неъмат ороста шуда, ҳайати шахсии қисми низомии 35-01 гирди он ҷамъ омада, шукрони тинҷию осоиштагӣ ва серию пурии кишвари азизамонро карданд. Аз чеҳраҳои бошандагони ин қисми низомӣ айён буд, ки онҳо ҳамеша омоданд барои амнияти марзу бум синаи худро сипар намоянд. Онҳо хушҳолона дуо мекарданд, ки ҳамеша давлатамон тинҷу ором бошаду Сарвари маҳбубамон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо соябони сарашон бошанд.
  Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан
Инчунин дар ин чорабинӣ бо ҷалби аъзоёни ҷавони ҳизб, донишҷӯёни факултети санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба хотири болидагии табъи афсарону аскарон барномаи рангини консертӣ пешкаши ҳозирин карда шуд.
Дар чорабинӣ бахшида раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов ба афсарону сарбозон аз далерию мардонагӣ ва аз сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён дошта, сарбозонро ба мардию далерӣ ҳидоят намуд. Қайд кард, ки бо шарофати сиёсати дурандешона ва хирадмадандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари маҳбуби мо дар ҷаҳон муаррифӣ гашта, имрӯз чун кишвари дорои тамаддун ва арзишҳои бой эътибор пайдо кардааст.
Ёдовар бояд шуд, ки чунин чорабинии хотирмон дар арафаи Наврӯзи имсола низ дар ин қисми низомӣ доир шуда буд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: