«Шараф ба Артиши миллӣ»24-02-2017, 11:04
Хабарро хонданд: 250 нафар
Назарҳо: 0
Дар партави чорабиниҳо бахшида ба тарғибу ташвиқи Паёми созандаи Пешвои миллат – Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ бахшида ба 24-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми низомии 0212-и ноҳияи Деваштич баргузор гардид, ки дар он Раиси ноҳия муҳтарам Рустам Ҷӯразода ва роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва ташкилоту муассисаҳо ширкат варзиданд. Раиси ноҳия ва фаъолон аҳли афсарону сарбозонро бо ин ҷашни фархунда табрик намуда, барои хизмати содиқонаашон сипосномаю ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ пешкаш карданд.
Маврид ба зикр аст, ки аз ҷониби кумитаи маҳаллаи деҳаи Ғазантараки ноҳияи Деваштич барои афсарону сарбозони шуҷои Ватан, ҳамчун нишони қадрдониву сипосмандӣ дастархони идона ороста гардида, сокинони ин диёри зебоманзар баҳри хотирмон баргузор намудани чорабиниҳои мазкур барномаи рангини фарҳангиро низ ба маърази ҳомиёни Ватан намоиш доданд. Сарвар Саидов |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.