Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Вохӯрӣ бо фаъолон ва ҷонибдорони ҳизб

Вохӯрӣ бо фаъолон ва ҷонибдорони ҳизб

23-02-2017, 09:57
Хабарро хонданд: 310 нафар
Назарҳо: 0
Вохӯрӣ бо  фаъолон ва ҷонибдорони ҳизб Тибқи нақшаи КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон оид ба баргузории вохўриҳо бо фаъолони ҳизб дар шаҳру ноҳияҳо вилоят рӯзи 21.02.2017 дар шаҳри Норак бо ҷалби аъзоёни Кумитаи иҷроияи, ситодҳои доимамалкунандаи таблиғотии ҳизбӣ дар Ҷамоатҳои деҳот ва миқёси шаҳр, Ҷамъияти таблиғотии «Фарҳанги сиёсӣ», бахши Ҷамъияти ҷавонон «Созандагони Ватан», гуруҳи намояндагии «Ҷавонони ташаббускор», раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, сардори шуъбаи Кумитаи Амнияти миллӣ дар шаҳр, шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроия бо иштироки раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон Аҳмадҷон Ализода вохўрӣ баргузор гардид. Дар кори ҷаласа аъзоёни Комиҷроияи шаҳрӣ, Раиси шаҳр Ҳурматзода Фатҳулло Зариф, намояндагони Ҷамъияти таблиғотии «Фарҳанги сиёсӣ», ташкилотҳои ибтидоии НБО-и Норак, Маорифчиён, намояндаи бахши ҷамъияти ҷавонон «Созандагони Ватан», мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони КИШ ҲХДТ оиди таблиғу ташвиқи муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, хизмати Раиси муаззами ҳизб дар барқарорсозии Сулҳу Ваҳдати миллӣ ва зҳёи Тоҷикистон, раванди корҳои таблиғотӣ дар байни занону ҷавонон, қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон « Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» суханронӣ намуданд.
Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон Аҳмадҷон Ализода ба аъзоёни ситодҳои таблиғотии ҳизбии доимамалкунанда ҷиҳати таблиғу ташвиқи ғояҳои ҲХДТ, хизматҳои Раиси муаззами ҲХДТ дар барқарор намудани давлати соҳибистиқлолу ваҳдатофар, ҷиҳати тарбияи фарзандон дар роҳи ватандўстиву эҳтироми арзишҳои миллӣ, омода намудани ҷавонон барои хизмати ҳарбӣ, инчунин ба фарзандон омўхтани илмҳои дунявию диниро маслиҳат доданд.
Дар фарҷом Раиси Кумитаи иҷроияи ҳизби шаҳрӣ Қумриниссо Гулмуродзода меҳмони гиромиқадрро барои ташрифашон ба шаҳри Норак ва ба ин гармию ҳимматбаландӣ вохўрӣ доир намудан ба аъзо ва ҷонибдорони ҳизб арзи сипос ва минатдории ҳизбиёни шаҳри Норакро баён нмуданд.

С.Зоиро
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: