ВОХӮРИИ АЪЗОЁНИ СИТОДҲОИ ТАБЛИҒОТӢ БАХШИДА БА 25- УМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН24-08-2016, 11:30
Хабарро хонданд: 210 нафар
Назарҳо: 0
Тибқи реҷаи тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Норак бо иштироки аъзоёни ситодҳои таблиғотӣ, “Фарҳанги сиёсӣ” дар якҷоягӣ бо вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Норак, роҳбарони бахши ТҶҶ «Созандагони Ватан», гурӯҳи намояндагии «Ҷавонони ташаббускор», бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ намудани вохӯриҳо дар байни аҳолии шаҳру деҳот аз 1 августи соли 2016 оғоз гардидааст. Рӯзи 10 авгути соли ҷорӣ дар толори ташкилоти ибтидоии ҳизбии Дуконӣ бо аҳолии маҳаллаҳои Туғмазор, Сари Гузар ва Дуконӣ вохӯрӣ доир гардид. Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ-и шаҳр Гулмуродзода Қумриниссо ва аъзоёни ситоди таблиғотӣ вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр Сафарова Аслия, Гурезов Кароматулло, Раҳимова Нигина, Узоқов Раҷабалӣ Сайфиддинов Садриддин дар бораи дастовардҳои бузурги замони соҳибистиқлолӣ, ғояҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон суханронӣ намуданд. Зимни вохӯрӣ аҳолӣ дастовардҳои бузурги Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар тӯли 25 сол бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон неъмати бебаҳои миллат дониста, аз ин Сарвари сулҳдӯсту халқпарвару меҳанпараст шукргузорӣ намуда, ғояҳои созандаи ҲХДТ-ро дасгирӣ намуда, баҳри амалӣ гардидани ҳадафҳои ин ҳизби созандаву бунёдкор саҳмгузор буданашонро қарзи фарзандии худ меҳисобанд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.