Вохӯрии гуруҳи таблиғотии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аҳолии шаҳри Норак25-02-2016, 16:30
Хабарро хонданд: 222 нафар
Назарҳо: 0
Тибқи нақшаи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ҷамоатҳои деҳотӣ Дӯконию Пули Сангин вохӯрии гуруҳи таблиғотӣ бо иштироки Фирӯза Шарифӣ, мудири шуъбаи кор бо занони КИМ ҲХДТ, Муҳаммадӣ Сафолзода, муовини директории Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қумринисо Гулмуродзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак, Ҷалолуддин Раҷабзода, ёрдамчии прокурори шаҳри Норак, Гулизор Назарова, муовини раиси шаҳр, баргузор гардид.
Дар ин вохӯрӣ гуруҳи тарғиботӣ оид ба омӯзиш ва тарғиби Паёми Асосгузори ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 20 январи соли 2016 ва тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, ҳозиринро аз моҳияти он ошно намуданд. Дар ин самт вохӯриҳо идома дорад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.