Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » «СОЗАНДАГОНИ ВАТАН» АЪЗОИ ШӮРОИ ҶАМЪИЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ГАРДИД

«СОЗАНДАГОНИ ВАТАН» АЪЗОИ ШӮРОИ ҶАМЪИЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ГАРДИД

22-02-2017, 16:32
Хабарро хонданд: 228 нафар
Назарҳо: 0
«СОЗАНДАГОНИ ВАТАН» АЪЗОИ ШӮРОИ ҶАМЪИЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ГАРДИД
Имрӯз дар Маҷмааи давлатии Кохи Ваҳдат ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Дар кори он сараввал дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикитон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ, ки ба ҷалби созмонҳои нав ба Шӯро ва зиёд намудани аъзои он аз ҳисоби ҷавонон ва бонувони болаёқат асос меёбад, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар асоси розигии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикитон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарори Шӯрои марказии ТҶҶ «Созандагони Ватан» масъалаи қабули ТҶҶ «Созандагони Ватан» ба аъзогии Шӯрои ҷамъиятӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз ҷониби аъзои Шӯро якдилона пазируфта шуд.
Тавре Раиси Тҷҷ «Созандагони Ватан» Абдулло Раҳмонзода иброз дошт, қабули созмонро ба аъзогии Шӯро ҳамчун дастгирии навбатии Пешвои миллат аз ҷавонон ва қадами устувору самарабахш дар роҳи таҳкими ҷомеаи шаҳрвандии кишвар арзёбӣ менамоянд.
Эълон намудани соли 2017 ҳамчун соли ҷавонон ва дар оғози ин сол пазируфта шудани ТҶҶ «Созандагони Ватан» ба ҳайси аъзои Шурои ҷамъиятӣ масъулияти ташкилоти «Созандагони Ватан» ва аъзои онро дар назди давлату миллат даҳчанд меафзояд, иброз дошт А. Раҳмонзода.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: