Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Шӯрои марказии ТҶҶ «Созандагони Ватан» аз иқдоми намояндагони мардумӣ истиқбол намуд

Шӯрои марказии ТҶҶ «Созандагони Ватан» аз иқдоми намояндагони мардумӣ истиқбол намуд

10-12-2015, 10:16
Хабарро хонданд: 426 нафар
Назарҳо: 0
Шӯрои марказии ТҶҶ «Созандагони Ватан» аз иқдоми намояндагони мардумӣ истиқбол намудИмрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои Марказии ТҶҶ «Созандагони Ватан» доир гардид, ки дар он масъалаҳои марбути ҳаёти ҷавонони ҲХДТ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аъзои Шӯрои марказии созмони ҷавонони ҳизб аз иқдоми намояндагони мардумӣ ҷиҳати ба Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон додани унвони «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» истиқбол намуданд.
Ҳамчунин қайд гардид, ки 21 сол қабл дар ҳамин рӯз дар заминаи ғояҳои созандаву ваҳдатофарини фарзанди фарзона ва Пешвои миллати тоҷик, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис ёфта буд, ки ин воқеа барои ҳар як аъзою ҷонибдорони ин ҳизби мардумӣ рӯзи фаромушношуданӣ боқӣ хоҳад монд. Аз ин рӯ, Шурои марказии ТҶҶ «Созандагони Ватан» аъзо ва ҷонибдорони ҳизбро бо ин рӯзи фархунда таҳният гуфтанд. Ҳамчунин дар ДМТ аз ҷониби ТҶҶ «Созандагони Ватан» ҳамоиши ҷавонон доир карда шуд, ки дар он аъзои фаъоли ин ниҳоди ҷавонони ҲХДТ ширкат доштанд. Аз номи созмони ҷавонони ҳизб ба иштирокчиёни ҳамоиш ва сокинони шаҳри Душанбе варақаҳои табрикотӣ паҳн карда шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: