Ҳамоиши «Созандагони Ватан» дар шаҳри Душанбе2-02-2017, 09:00
Хабарро хонданд: 248 нафар
Назарҳо: 0
Бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии ҶТ, пазируфта шудани пешниҳоди Тоҷикистон дар бораи Барномаи амал “Об барои рушди устувор 2018-2028”, эълон гаштани Соли 2017 — соли ҷавонон, дар Душанбе ҳамоиши ҷавонон баргузор гардид. Зимни ҳамоиш таъкид карда шуд, ки сиёсати давлатии ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати кишвар ба ҳисоб рафта, тамоми шароити мусоид барои таҳсил, кор ва зиндагии арзандаи ҷавонон фароҳам оварда шудааст. Дар чорабинӣ самтҳои асосии фаъолияти ин ниҳоди ҷамъиятӣ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе мушаххас карда шуда, вусъат бахшидани корҳои таблиғотӣ байни ҷавонон, истифодаи роҳу усулҳои муосир, ҷалби ҷавонон ба ҳаёти ҷамъияи сиёсии кишвар таъкид гардид. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.