DataLife Engine > Чавонон > Вохӯрии судманд бо насли созанда дар Деваштич

Вохӯрии судманд бо насли созанда дар Деваштич


21-02-2017, 08:30. Разместил: orifi Вохӯрии судманд бо насли созанда дар ДеваштичДар ноҳияи Деваштич, ҷиҳати ҷалби фаъолонаи хатмкунандагон ба Маркази Милии Тестӣ, ки яке аз иқдомҳои наҷибу маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, барои довталабони соҳибилму соҳибмаърифат шароиту имконияти мусоидро барои таҳсил дар макотиби олӣ ва миёнаи касбӣ фароҳам овард, тибқи дастури Раиси вилояти Суғд, Муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич вохўрии хатмкунандагони муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия бо сарварони муассисаҳои олии таълимии вилоят баргузор гардид.
Дар мулоқоти мазкур муовини ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б.Ғафуров-Сабуров Хайрулло Мирзоевич, муовини ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон–Орипов Абдуқаҳҳор Абдуҳамидович, ректори Донишгоҳи давлатии кўҳӣ-металлургии Тоҷикистон-Фозилзода Мухтор Муродалӣ, директори донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммадҷон Осимӣ-Саидӣ Дилафрўз Рабизода, ректори донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон-Олимӣ Абдурауф Латифзода ширкат варзида, бобати муташаккилона ва васеъ ҷалб намудани хонандагон барои гирифтани маълумоти миёна ва олии касбӣ корҳои ташвиқотӣ бурда, маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.
Сараввал муовини ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б.Ғафуров-Сабуров Хайрулло Мирзоевич ба сухан баромада кулли ҷавононро бо эълон гардидани соли 2017 «Соли ҷавонон» дар Тоҷикистон табрик намуда, оид ба вазъи имрўзаи таълимгоҳ, факултетҳо, ихтисос, шакл ва намуди таҳсил, инчунин дар бораи баъзаи моддию техникӣ, имтиёзҳо, шароити таҳсилу истироҳат ҳарф зад. Ҳамчунин сарварону муовинони донишгоҳҳои номбурда Орипов Абдуқаҳҳор Абдуҳамидович, Фозилзода Мухтор Муродалӣ, Саидӣ Дилафрўз Рабизода, Олимӣ Абдурауф Латифзода низ ба хонандагон маълумотҳои заруриву наворҳои видеоиро доир ба шарту шароити таҳсил дар макотибҳои олӣ пешкаш намуданд.
Чанд нафар хонандагон Рамиз Холов, Абдумубин Саидов ва Шоира Мадалиева ба сухан баромада, меҳмононро барои ташрифашон ва додани маълумот оиди таҳсил дар донишгоҳҳо изҳори миннатдорӣ намуданд. Ҳамзамон нисбати дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хусус Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қаноатмандии хешро баён карда, ваъда доданд, ки ҳамчун мутахассисони варзидаю содиқ ба Тоҷикистони азиз ба камол хоҳанд расид.


Лоиқ Тўйчиев, мутахассиси бахши таблиғоту иттилоотии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич.

Вернуться назад