Паёми Пешвои миллат-роҳ ба сӯи бунёдкориву созандагӣ.18-01-2017, 09:42
Хабарро хонданд: 313 нафар
Назарҳо: 0
Дар ноҳияи Деваштич доири фаҳмонидани нуқтаю хулосаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва гуруҳҳои тарғиботии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мардум ҷараён доранд. Аз ҷумла, дар Ҷамоати деҳоти Муҷун чунин мулоқот баргузор гардид. Дар мулоқот вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоилзода Зуфар Муртазохон ва Ахмедов Мирзоанвар Халифаевич, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон А.Шарипов, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ф.Қодиров, устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б.Ғафуров А.Мирсаидов, раиси КИН ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич К.Исмоилов ва сардори шӯъбаи КДАМ дар ноҳияи Деваштич Б.Абдуллоев иштирок намуда, дар доираи нуқтаҳои асосии Паёми Сарвари давлат сухан ронданд. Намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон А.Шарипов, Ф.Қодиров, А.Мирсаидов баромад намуда, доири нуқтаҳои асосии Паёми Пешвои миллат сухан ронданд. Намояндагон дар баромадҳои хеш хусусан дар бораи се ҳадафи асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, истиқлолияти энергетикӣ ва таъминоти озуқаворӣ ибрози ақида намуданд. Алалхусус, соли ҷавонон эълон шудани соли 2017 аз ҷониби Сарвари давлат дар алоҳидагӣ қайд гардид. Аз номи ҷавонон Г.Атабоева руҳбаландии ҷавононро аз иқдоми Пешвои миллат, ки соли 2017-ро Соли ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид, баён намуд. Қайд кард, ки мо насли ҷавон тамоми донишҳои муосирро аз худ намуда, Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифгар мешавем. Хидирбой Муҳаммадиев аз сокинони Ҷамоат барои ташрифи меҳмонон миннатдорӣ баён намуда, оиди дастгириҳои ҳамаҷонибаи Пешвои миллат, таъминоти барқ ва қабули даҳсолаи байналмиллалии «Об-барои рушди усдувор» ибрози ақида намуд. Лоиқ Тӯйчиев, мутахассиси бахши таблиғоту иттилооти КИН ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.