Ҷашни 24-солагии Истиқлолият муборак!10-09-2015, 05:00
Хабарро хонданд: 394 нафар
Назарҳо: 0
Узви Раёсати ҲХДТ, раиси ноҳияи Ҷиликул Хуҷамурод Фазлиддин бахшида ба 24-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдончаи марказии ноҳия ҳозиринро табрик намуда, қайд кард, ки тайи 24-соли Истиқлолият дастовардҳои давлату ҳукумат ва ноҳия назаррас буда, ба рушду тараққиёт ноил гардидаем, дар даврони 24-соли Истиқлолият дар ноҳия чандин корхонаҳои саноатӣ, мактабҳои замонавӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, биноҳои корхонаву муассисаҳо, синфхонаҳои иловагӣ, сехҳои дӯзандагӣ, таъмири роҳҳои дохили ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ва мағозаҳои замонавӣ сохта ба истифода дода шуд. Аз сокинон ва ҷавонони ноҳия хоҳиш намуд, ки ба ягон хел гуруҳҳои ифротӣ, экстремистӣ, террористӣ бовар накунанд, ки ин роҳҳои нодуруст мебошад. Дар шароити имрӯза ҳар сокини ноҳия бояд аз ҳушёрӣ кор бигирад ва дар фикри ободониву шукуфоии ватани азизамон бошад. Дар шоми истиқлол, бахши консертии ин маросими идона – санъаткорони бахши фарҳанги ноҳия, дастаи ҳаваскорони шуъбаи маорифи ноҳия, бахши ҷавонон, мактаби варзишӣ ва ТҶҶ «Созандагони Ватан» баромадҳои дилнишин намуда, бо суруду рақсу саҳнаҳои ҷолиб ва намоиши варзишӣ хотири ҳамагонро болида гардониданд. 9 сентябр, ки ҳамчун иди расмии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мешавад, дар тамоми манотиқи ноҳияи Ҷиликул аз субҳ то шом барномаҳои идона баргузор гардиданд.
©Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар в. Хатлон |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.