Ҷашни Истиқлол10-09-2015, 09:47
Хабарро хонданд: 357 нафар
Назарҳо: 0
Дар боғи фароғатии Хуррамшаҳри ноҳияи Данғара ҷашни истиқлол бо тантана таҷлил гардид.
Дар тантана пиру барно, ҷавонон, занон, фаъолони ноҳия, соҳибкорон, зироаткорон, боғпарварон ва умуман ҳамаи аҳолии ноҳия иштирок доштанд. Аҳли ноҳияро раиси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, узви Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ, Сайдализода Маҳмадулло ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ба онҳо бахту саодат осмони соф ва ба корҳояшон бурдбориҳо таманно намуданд. Сипас, ҳозирин барномаи театрикунонидашудаи шуъбаи фарҳанги ноҳияро тамошо карданд. ©Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар в. Хатлон |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.