Истиқболи Истиқлол10-09-2015, 06:30
Хабарро хонданд: 397 нафар
Назарҳо: 0
Сокинони ноҳияи Восеъ ҷашни 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо як шукуҳу шаҳомат, зери осмони софи Ватани азизамон дар сатҳи баланди сиёсию фарҳангӣ ҷашн гирифтанд.
Бахшида ба ин ҷашн маросими ифтитоҳи матбааи нашри газета оғоз ёфта, инчунин дар муассисаи таълимии №33 нимпайкараи Қурбон Раҳматов гузошта шуда, муссисаи таълимӣ ба номи Қурбон Раҳматов гузошта шуд. Дар ин ҷашн ба собиқадорон, варзишгарони беҳтарин бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 21-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз тарафи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар нохияи Восеъ туфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. ©Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар в. Хатлон |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.