Эълон гардидани Соли ҷавонон масъулияти ҷавононро меафзояд26-01-2017, 16:47
Хабарро хонданд: 402 нафар
Назарҳо: 0
Имрӯзҳо бо иштироки аъзои фаъоли ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ҳамаи шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ҷиҳати шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохурию мулоқот доир гардида истодааст. Чунин вохӯрӣ дар толори ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Беморхонаи вилоятӣ» -ии шаҳри Кӯлоб баргузор гардид. Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул, раиси ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар вилояти Хатлон Ҳамидов Орзу раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Беморхонаи вилоятӣ» сардухтури беморхона Атоев Давлат ва дигар аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва фаъолони созмони ҷавонони он «Созандагони Ватан» иштирок ва суханронӣ намуданд. Раиси ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар вилояти Хатлон Ҳамидов Орзу суханронӣ карда изҳор дошт, ки дар Паём имсола, Соли ҷавонон эълон шудани соли 2017 боварию эътимоди Пешвои миллат ба насли ҷавони кишвар буд, ки бо назардошти саҳми арзандаашон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат эълон гардид. Бо эълон шудани соли 2017 ҳамчун соли ҷавонон масъулияти мо ҷавононро даҳчанд намуда, моро водор месозад, ки дар пешрафти ҷомеа фаъолона суҳмгузорӣ намоем, то ки ба ин эътимоду боварии Пешвои миллат ва халқи худ сазовор бошем. Дар қатори гуфтаҳои боло дигар иштирокчиён низ вобаста ба нуқтаҳои Паёми Пешвои иллат ибрози ақида намуданд. 0 |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.