Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Созандагони Ватан пуштибони Пешвои миллат

Созандагони Ватан пуштибони Пешвои миллат

11-11-2016, 16:19
Хабарро хонданд: 525 нафар
Назарҳо: 0
Созандагони Ватан пуштибони Пешвои миллат

Бо ташаббуси намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар вилояти Хатлон дар толори китобхонаи вилоятии ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб Конференсияи минтақавӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 5-солагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» баргузор гардид.

Дар кори Конференсия раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул, раиси ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар вилояти Хатлон Ҳамидов Орзу, инчунин, зиёда аз 50 нафар аъзои ТҶҶ «Созандагони Ватан» аз шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб иштирок ва суханронӣ намуданд.

Пеш аз оғози чорабинӣ дар даромадгоҳи китобхонаи мазкур китобҳои Пешвои миллат ба хотири огоҳи пайдо кардан аз гузаштаву имрӯзаи халқи тоҷик ва такмил додани ҷаҳонбинии сиёсиву фарҳангии ҷавонон ба намоиш гузошта шуданд.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ш. Кӯлоб Валиева Саъбагул ҳозиринро ба муносибати ин санахои таърихӣ табрик гуфта, зимни суханронӣ қайд кард, ки Пешмои миллат барои пойдории сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ, сазовор шудан ба истиқлолияти комил хизматҳои беназир кардааст. Боиси ифтихори тамоми миллати тоҷик аст, ки дар қатори дигар идҳои миллӣ дар саросари мамлакат Рӯзи Президент низ ҷашн гирифта мешавад.
Созандагони Ватан пуштибони Пешвои миллат

Ҳамзамон раиси ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар вилояти Хатлон Ҳамидов Орзу суханронӣ карда иброз дошт, ки яке аз тадбирхои дурандешона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин таклиф ҷиҳати таъсис додани қаноти ҷавонони ҲХДТ таҳти унвони «Созандагони Ватан» буд, ки санаи 20.04.2011 дар КИМ ҲХДТ ироа гардид ва санаи 11.11.2011 ТҶҶ «Созандагони Ватан» ба қайд гирифта шуда, ба фаъолият оғоз кард. Ин иқдом бори дигар ҳусни тавваҷуҳи роҳбарияти олии кишварро нисбати ҷавонон нишон дода, қишри ҷавони ҷомеаро ба иҷрои амалҳои созанда дилгарм сохт.

Дар қатори гуфтаҳои боло ҷавонон низ сурудҳо ва порчаҳои шеърӣ дар васфи ватан, истиқлолият, Пешвои миллат қироат намуда ба ин васила нишон доданд, ки дар ҳақиқатан ҷонибдор ва пайравӣ сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ - Пешвои миллат мебошанд.

Дар охир ба ҷавонони фаъол, ки ба сафи ҲХДТ шомил гардиданд билетҳои ҳизбӣ супорида шуд.
Созандагони Ватан пуштибони Пешвои миллат


Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: