Чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба 22-солагии ҲХДТ19-12-2016, 15:16
Хабарро хонданд: 351 нафар
Назарҳо: 0
![]() Ҳамарӯза дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии шаҳри Кӯлоб бахшида 22-солагии таъсисёбии ХХДТ чорабиниҳои сиёсӣ ва маърифатӣ доир гашта истодааст. Ҳамин тавр чорабинӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Беморхонаи сил» бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ш. Кӯлоб Валиева Саъбагул, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Беморхонаи сил», директори беморхона Ҷумъаев Раҳматулло, раиси ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар вилояти Хатлон Ҳамидов Орзу ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд. Зимнан, раиси КИ ҲХДТ дар ш. Кӯлоб Саъбагул Валиева ба сухан баромада ҳозиринро ба 22-юмин солгарди таъсисёбии ҲХДТ табрик намуд. Ҳамзамон қайд кард, ки ҲХДТ ҳамеша баҳри ободии ватан, устувории пояҳои истиқлолият ва ваҳдати миллӣ, пешрафти ҷомеа саҳмгузори карда, пеш аз ҳама барои таъмини зиндагии шоистаи мардум фаъолият менамояд. Инчунин, дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Технолог» бахшида ба ин санаи муҳим Конференсияи илмӣ – назариявӣ таҳти унвони «Барои созандагӣ ва рушди босуботи Тоҷикистон» бо иштироки омӯзгорон ва донишҷӯён доир гардид. Олимону донишмандон ва аъзои ТҶҶ «Созандагони Ватан» оид ба таърихӣ фаъолияти ҲХДТ ва кору амалӣ созандаи он маърӯза намуданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.