Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Паёми Президенти кишвар равшангари имрӯзу фардои ҷавонони кишвар

Паёми Президенти кишвар равшангари имрӯзу фардои ҷавонони кишвар

23-01-2017, 15:56
Хабарро хонданд: 314 нафар
Назарҳо: 0
  Паёми Президенти кишвар равшангари имрӯзу фардои ҷавонони кишвар


н. Сино: Дар доираи нақша - чорабиниҳо ҷиҳати тарғибу ташвиқи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо дар тамоми ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия бо иштироки олимону зиёиён, вакилони шаҳрию ноҳиявӣ, аъзоёни Комиҷроияи ҳизбӣ, раисони ташкилотҳои ҳизбӣ ва аъзоёну фаъолони ҳизб чорабиниҳо баргузор гардида истодааст.
Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби тамоми қишрҳои ҷомеа, алалхусус ҷавонони кишвари соҳибистиқлоламон мавриди дастгири қарор гирифт, зеро Паёми имсола Пешвои миллат, чун Паёмҳои қабли ба ҷавонон таваҷуҳи хоса намуданд. Яъне ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Сарвари давлат ҳамеша ба ҷавонон такя намуда, онҳоро созандагони Ватан, нерӯи созанда ва соҳибони ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол арзёбӣ менамоянд.
Бо мақсади шарҳу дарки нуктаҳои Паёми Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми олии кишвар санаи 23 – январи соли ҷорӣ дар толори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон зери унвони «Паёми Президенти кишвар равшангари имрӯзу фардои ҷавонони кишвар» бо иқдоми шӯъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино, бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия, бахши ҷавонони Донишкада ва ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»-и ҳизб мизи мудаввар баргузор гардид.
М.Мамадаминова – мудири шӯъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳия ба ҳозирин барои ташаббуси ҳадафманд ҷиҳати таблиғу ташвиқи нуктаҳои Паёми Президент, Раиси муаззами ҳизбамон арзи сипос кард ва изҳор дошт, ки чун Паёмҳои қабли Пешвои миллат дар баробари муайян намудани ҳамаи самтҳои ҳаётан муҳими ҷомеа, инчунин ба масъалаи рушди сиёсати давлатии ҷавонон диққати махссус зоҳир намуда, соли 2017-ро Соли ҷавонон эълон намуд.
Сипас, аз рӯи мавзӯи чорабинӣ Назарзода Алишер- мудири бахши кор бо ҷавонони Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон маърӯзаи илман дақиқ намуда, аз ҷумла қайд намуд, ки татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт. Ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро Сарвари давлат ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо шароити мусоид фароҳам овардаанд. Дар заминаи ин ғамхориҳои Пешвои миллат ҷавононро зарур аст, ки тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, азхудкунии касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, рушди илму техникаи муосир ва ҳимояи Ватани соҳибистиқлол равона созанд.

Ҳамзамон Давлатзода Абдулло – мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Сино дар партавӣ нуктаҳои Паёми Президент оид ба масъалаи шомилшавии ҷавонон ба ҳаргуна гуруҳҳои терористию экстремистӣ ва равияҳои ифротӣ бо ном Исломӣ ибрози андешарони намуда, аз ҷумла қайд намуд, ки омили асосии ба ин гурӯҳҳо шомил шудани ҷавонони мо ин беаҳмиятии волидайн ва надоштани манбаи илму маърифати онҳо мебошанд. Дар ин замина моро мебояд, ки миёни тамоми ҷавонон, алалхусус наврасону ҷавонони шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияҳои хеш ва Донишкадаҳову муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ корҳои фаҳмондадиҳро роҳандозӣ намоем ва нагузорем, ки ҷавонони мо фирефтаи чунин гуруҳҳои номатлуб гардида ҳаёти худро зери хатар гузоранд. Пас ҳар яки моро зарур аст, ки дар атрофи сиёсати пешгирифтаи Пешвои милламон муттаҳид бошем ва баҳри ҳимояи марзу буми кишвар, ҳифзи амнияти давлату миллат ва баҳри боз ҳам ободу зебо гардонидани Тоҷикистони азиз саҳми бориз дошта бошем.
Дар фарҷом чорабинӣ таъкид гардид, ки боварӣ ва таъкидҳои Пешвои миллат боис мегардад, ки ҷавонон хештаншиносу меҳнатпараст гашта, эътимод ва боварӣ ба истеъдоду ташаббусҳои худ дошта бошанд.

Мудири шӯъбаи
таблиғот ва иттилоти КИ ҲХДТ дар ноҳи Сино А.Муминов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: