Падармурдаро соя бар сарфикан20-01-2017, 11:26
Хабарро хонданд: 450 нафар
Назарҳо: 0
Хабар гирифтан аз ҳоли ятимон ва дармондагон яке аз хислатҳои наҷиби инсонист. Бо ташаббуси раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқи Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино, Наҳтулло Назаров ва ҳамчунин ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ин ноҳия ба Хонаи кӯдакони №2-и Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе маводҳои зарурии рӯзмара барои кӯдакони ятим дода шуд. Худи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино ба онҳо либосҳои зебову шинам туҳфа намуда, ҳамчунин ташкилотҳои ибтидоии ҳизб ба монанди, Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологӣ, ташкилоти ибтидоии “Авитсена” маводи хӯрока, КВД бозори “Деҳқон” ташкилоти ибтидоии “Соҳибкор” тӯҳфаҳои солинавӣ, Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ, ташкилоти ибтидоии “Коллеҷи тиббӣ” маводҳои хӯрока, хоҷагидориву доруворӣ, маркази илмии саратоншиносӣ,ташкилоти ибтидоии “Саратоншинос”- маводҳои хурокворӣ, беморхонаи клиникии бемориҳои чашм, ташкилоти ибтидоии “Ғамхор” либосҳои кудакона (либос барои рахти хоб) бо тақдим кардани маводҳои зикршуда, дар иҷрои ин амали нек иштирок варзиданд. Ростӣ, ҳангоми ворид шудан ба Хонаи кудакони №2-и Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе вуҷудамро як ҳиссиёти ғайроддие фаро гирифт. Он эҳсос омехтаи шодӣ ва таассуф буд. Шодӣ ба хотири он буд, ки кӯдакон барои туҳфаҳое, ки ба онҳо аз тарафи ташкилотҳои ибтидоии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино дастрас гардиааст, чунон хурсандиву бозӣ доштанд, ки ҳозиринро ба ваҷд меовард. Аммо,таассуфовараш он буд, ки чунин кӯдакони зебо ва дустрӯяк ба муҳаббату навозиши модарона ва падарона муҳтоҷи зиёд доштанд. Онҳо аз дасти меҳмонон гирифта ва ё пояшонро оғӯш карда, “холаҷон” ва ё “амакҷон”- гуфта, «дасти силае бар сар» ва «бӯсаи меҳромез»-ро аз онҳо интизор буданд. Мусиқии солинавӣ танинандоз буд ва кӯдакон ғарқи шодӣ, лаҳзае аз набудани падар ё модарашон низ фаромӯш кардаанд. Гарчанде ки рақсу бозии кӯдакон зиёд тӯл накашида бошад ҳам, вале маълум буд, ки онҳо бо тамоми вуҷудашон хурсанд буданд ва гӯё бо забони қалбҳои кӯчак ва софу беолоиш ба онҳое, ки тӯҳфаҳои солинавӣ овардаанду чунин лаҳзаҳои шодиро барояшон ҳадя кардаанд, сипос мегуфтанд. «Ин аст нишони ҷавонмардӣ ва башардустӣ»- аз дил гузарондам ман. Таъкиди ҳамешагии Пешвои миллат - Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ ҳамеша бар он аст, ки бояд дасти мадад ба сӯи дармондагон ва ятимон дароз кунем. Ин яке аз хислтатҳои наҷиби Сараври давлат аст, ки ҳамеша ба кӯмаки дармондагон мешитобанд. Бинобар ин, онҳое, ки дар ҳақиқат ба кӯмаке ниёз надоранду сарватманд ҳастанд, бо харидани чанд хона дар шаҳр ва ё мошинҳои тамғаҳои гуногун хешро дар намоиш нагузошта, ба чунин коре, ки аз арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, илму фарҳанг, ахлоқи ҳамида ва гузашта аз ҳамаи ин, инсони асил ва ҷавонмард будан дарак медиҳад, намунаи ибрат бошанд. Зеро саховатмандӣ беҳтарин амалест, ки мо барои саодати рӯҳӣ ва ҳамзамон боиси эҳсоси хушбахтии хеш анҷом медиҳем. Чун ба аёдат ва табрикоти беморону дармондагон, ятимону бепарасторон, умуман қишри мӯҳтоҷи ҷомеа рафтан ва раҳо бахшидани онҳо аз душворӣ, берун кардани ғаму андӯҳ аз қалбҳо ва шоду хурсанд намудани онҳо аз ҷумлаи волотарин хислатҳои басшардӯстист, ки чӣ дар адёну мазҳабҳо ва чӣ дар урфу одатҳо ба таври куллӣ тағриб ёфтааст. Гулҳаёи Мадимар |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.