Забон ҷузъи ҳастии миллат ва омили худшиносӣ аст5-10-2016, 09:53
Хабарро хонданд: 326 нафар
Назарҳо: 0
Имрӯзҳо дар доираи нақша - чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино бахшида ба таҷлили Рӯзи забони тоҷикӣ чорабиниҳо зери мавзӯъҳои гуногун дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия доир гардида истодааст.
Ҳафтаи сипари гардида, дар доираи ин чорабинӣ зери мавзӯъи «Забон ҷузъи муҳими ҳастии миллат ва омили худшиносӣ аст»» дар ташкилоти ибтидоии «Сино»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон соати сиёсӣ баргузор гардид. Нахуст, чорабиниро Эраҷ Рамазонов – раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ифтитоҳ намуда, аз рӯи мавзӯъи «Забон ҷузъи муҳими ҳастии миллат ва омили худшиносӣ аст» суханронӣ намуд. Аз ҷумла ӯ ёдовар шуд, ки Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ ,– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нахустқадамҳои худ ба арсаи сиёсат кӯшиш ба харҷ доданд, ки забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ пайваста густариш ёбад, бештар фарогиру тавоно шавад. Ҳамчунин ӯ ёдовар шуд, ки мо тоҷикон, ифтихорманд аз онем, ки забони бостонию тавоно ва дорои захираи ғании луғавӣ дорем ва боиси хушҳолии зиёд аст, ки имрӯз бо забони адабии тоҷикӣ сухан гуфтан дар саросари Тоҷикистон ба ҳукми анъана даромада, бахусус наврасон ва ҷавонон кӯшиш карда истодаанд, ки қонун ва меъёрҳои забони адабиро ба инобат гирифта, сухан гӯянд. Сипас, Абдумаҷид Муминов – мудири шӯъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино оид ба моҳият ва мақсаду мароми созандаи ҳизб ибрози андеша намуд.Номбурда гуфт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо Барномаи амалии худ рушди забони давлатиро яке аз ҳадафҳои асосии худ медонад. Чуноне, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид сохтаанд: «Бузургтарин вазифаи ҳар фарде, ки даъвои фарҳангу забон мекунад, нигоҳбонию пос доштани ин мероси муқаддас ва ба наслҳои оянда расонидани забони ширину шево ва забони шеъру адаби оламшумули тоҷикӣ мебошад». Ин гуфтаҳо моро моро водор месозад,ки ба ин арзиши волои миллати хеш арҷгузорӣ намуда, покизагии онро ҳифз намоем. Мудири шӯъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино А.Муъминов |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.