Маҳфил дар таътил20-01-2017, 10:03
Хабарро хонданд: 478 нафар
Назарҳо: 0
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2017-ро «Соли ҷавонон» эълон намуданд. Бо ҳамин мақсад бо ташаббуси бахши кор бо занон ва оила, бахши кор ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, НТҶҶ «Созандагони Ватан», шӯъбаи маорифи ноҳия ва Ҷамоати деҳоти Ғазантарак дар ҳамбастагии муассисаҳои таълимии №10, №51 маҳфили «Хонадон» ба тарбияи инсондӯстӣ, ватанпарастӣ, накӯкорӣ ва меҳнатдӯстии ҷавонон нигаронида шадааст. Дар маҳфил Раиси ноҳия Ҷӯразода Рустам Боймурод, мудири маорифи ноҳия Зирулло Имроҳимов, мудири бахши занон ва оила Зебӣ Азимова, мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Бунафша Қутбиддинова, роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» Сарвар Саидов ва муовини раиси Ҷамоати деҳоти Ғазантарак Раҳбар Ёдгорова иштирок намуданд. Раиси ноҳия Ҷӯразода Рустам Боймурод ба сухан баромада доири қабули соли 2017 Соли ҷавонон аз ҷониби Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон боиси руҳбаландии ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол гардиданашро қайд намуд. Таъкид гардид, ки Шумо ҷавонон аз иқдомҳои пайвастаи Сарвари мамлакат ифтихор карда, донишу малакаи муосирро аз худ намуда насли ояндасози кишвар, ободгари Ватану хизматгорӣ халқи худ шавед. Мо бо шумо ҷавонони ба ору номуси ноҳия ифтихор мекунем. Хонандагони фаъолу ҷонибдорони ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и муассисаҳои мазкур оид ба Паёми Пешвои миллат ва нақши он дар пешрафти Тоҷикистон фикру ақидаҳои худро иброз намуда таъкид доштанд, ки ҳамаи донишҳои муосир барои пешрафти ҷомеа нигаронида шуда, ҳар яки мо ҷавонон бояд онро аз худ намоем. Мо ҷавонони шоистаи ҷамъият бояд ҳамеша аз пайи илмомӯзӣ шавем то соҳибмаърифату ватандӯст бошем. Аз имконияту шароитҳои имрӯза самаранок истифода бурда, кӯшиш намоем то ҳиссаи арзандаи хешро баҳри пешрафти Ватани азизамон гузорем ва роҳ надиҳем, ки ҳамсолони мо ба равияҳои номатлуб шомил гардида, умри ҷавони хешро барбод диҳанд. Лоиқ Тӯйчиев мутахассиси бахши таблиғоту иттилооти КИ ҲХДТ дар н.Деваштич |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.