Ман Ватанро беш аз ҳарвақта дорам дӯсттар12-01-2017, 13:21
Хабарро хонданд: 308 нафар
Назарҳо: 0
Ҷиҳати тарғибу ташвиқи нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуруҳи тарғиботӣ аз ҳисоби собиқадорон, ҷавонону бонувон ва адибон дар Қисми ҳарбии 04533-и ноҳияи Деваштич мулоқот баргузор намуданд. Чорабиниро мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия, аъзои Шўрои НТҶҶ «Созандагони Ватан» - Бунафша Қутбиддинова ифтиҳоҳ намуда, доир ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва соли 2017-ро «Соли ҷавонон» эълон доштани Сарвари давлат ва ғамхориҳои давлату ҳукумат нисбати ҷавонон ибрози андеша намуд. Собиқадори ҷангу меҳнат Абдуворис Орипов дар мавзӯи «Ҳифзи Ватан-Модар қарзи муқаддаси ҳар як ҷавонмард аст» ва имом-хатиби масҷиди марказии ноҳия Наҷмиддин Бобоҷонов «Дӯст доштани Ватан аз имон аст» маърӯза намуданд. Шоирон Сироҷиддин Осимӣ, Гулзода Абдуваҳидова, Зайниддин Қаландар бо шеърҳои эҷодкардаи худ дар васфи Тоҷикистон, Ватан, Модар барои сарбозону афсарон қироат карданд. Адибон маҷмӯаҳои шеъриву китобҳояшонро барои сарбозон тақдим намуданд. Сармутахассиси бахши кор бо занон ва оила Замира Аҳмадҷонова дар суханронии хеш оид ба дастгириву кӯмаки бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати сарбозону афсарон ҳарф зада қайд намуд, ки ҳар як ҷавони сарбаланд бо хизмати содиқонаи худ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд исбот намояд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар ҳақиқат сипари боэътимоди давлат, ҳимоятгари асосии сокинони кишвар ва сулҳу Ваҳдат дар ҷомеа мебошад. Сарбози қаторӣ Хуршед Деҳқонов аз номи сарбозон баромад карда, махсусан нисбати тамоми шароитҳои арзандаи хизмат ва инкишофи ҷисмониву маънавӣ ба Роҳбари боадолату ғамхори Ватан – Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннадорӣ намуда, ваъда дод, ки ҳар кадом қарзи муқаддаси худро бошарафона адо менамоянд ва бо мисраҳои зерин сухани худро ҷамъбаст намуд: Манам, фарзанди дилбандат, ту ҳасти модари ҷонам, Мадори ишқу имонам, диёрам, Тоҷикистонам. Манам парвардаи хокат, манам дилдодаи покат, Манам сарбози бебокат, диёрам Тоҷикистонам. Ҳамчунин муовини командири дивизия подполковник Парвиз Боев низ баромад намуда, аз дастовардҳои рўзафзуни мамлакат, махсусан аз зиёд шудани вақти додани нерўи барқ ба аҳолӣ изҳори хушнудӣ намуда, қайд кард, ки баҳри таъмини сулҳу оромии Ватан ва афзун шудани дастовардҳои сонии кишвари азизамон тамоми ҳастиву нерўи худро ба харҷ медиҳем. Барои пешгирии содиршавии ҳодисаҳои номатлуб, ҷинояткорӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро саъю талош меварзем ва намегузорем, ки ягон ашхоси бегонапарасту душмани халқу Ватан сулҳу оромии Тоҷикистони соҳибистиқлоламонро халалдор созад. Дар охир барои ташкили ин чорабинӣ миннатдории тамоми қисми ҳарбиро изҳор намуд. Лоиқ Тӯйчиев, мутахассиси таблиғоту иттилооти КИН ҲХДТ дар ноҳияи |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.