ЭЪЛОН!20-01-2017, 09:43
Хабарро хонданд: 1021 нафар
Назарҳо: 0
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ «МАРКАЗИ МИЛЛИИ ПАТЕНТУ ИТТИЛООТ» - И ВАЗОРАТИ РУШДИ ИҚТИСОД ВА САВДОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Ба муносибати «Рӯзи ихтироъкорон ва навоварони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ»-26 апрел ОЗМУНИ «ИХТИРОЪКОРИ БЕҲТАРИНИ ТОҶИКИСТОН» барои солҳои 2015-2016- ро ЭЪЛОН МЕНАМОЯД: I. НОМГӮИ ҲУҶҶАТҲОИ ЗАРУРӢ БАРОИ ИШТИРОК ДАР ОЗМУН 1) Ариза барои иштирок дар озмун; 2) Варақаи шахсӣ; 3) Рӯйхати ихтирооти бо патент ё нахустпатент ҳифзшуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё патенти Авруосиёгӣ бо ишораи Тоҷикистон, ариза(ҳо) барои додани патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қарори мусбии санҷиши моҳиятиро гирифтаанд; 4) Ҳуҷҷатҳои иловагӣ: - санади татбиқи ихтироъ; - самараи иқтисодӣ (бо нишондоди маблағи фоида) ва ё иҷтимоӣ аз ҳар як ихтирои татбиқшуда. Ҳуҷҷатҳо ба унвонии Кумитаи тадорукоти озмун бояд ду нусха пешниҳод карда шаванд. Ғолибонро ҷоизаҳои махсус ва туҳфаҳои хотиравӣ интизоранд! Натиҷаҳои озмун дар ҷаласаи тантанавие, ки дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи апрели соли 2017 гузаронида мешавад,ЭЪЛОН карда мешаванд. Аризаҳо барои иштирок намудан дар ОЗМУН то 20 феврали соли 2017 бо нишонии: 734042, ш. Душанбе, кӯчаи Айнӣ 14-а қабул карда мешаванд. Телефонҳо барои тамос: 222-21-53; 98-532-10-02; 98-903-00-50. Email:bahodur.nazarov@mailru; Маълумоти муфассал дар сомонаи Муассиа: www.tajpatent.tj |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.