Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Семинар-машваратҳои соҳаи моликияти саноатӣ дар Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон

Семинар-машваратҳои соҳаи моликияти саноатӣ дар Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон

29-07-2016, 09:00
Хабарро хонданд: 339 нафар
Назарҳо: 0
Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати татбиқи Нақшаи кори Шӯрои миллӣ оид ба ҳамоҳангсозӣ ва рушди соҳаи моликияти зеҳнӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016 ва «Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020», санаи 26 ва 27 июли соли ҷорӣ дар шаҳри Хоруғи Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон семинар-машварат дар соҳаи ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ баргузор гардид.

Дар кори семинар-машварат мутахассисони Муассиса дар мавзуъҳои «Ихтироъ - мафҳум, моҳият ва ҳифзи ҳуқуқии он», «Ҳифзи ихтироъ дар дигар кишварҳо», «Ҳифзи ҳуқуқии намунаҳои саноатӣ», «Тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ ва бақайдгирии онҳо», «Ҷанбаҳои иқтисодии моликияти зеҳнӣ», «Ҷанбаҳои ҳуқуқӣ ва зарурати ҳифзи моликияти зеҳнӣ», «Вазъи иқтидори илмӣ-техникӣ дар давраи истиқлолият» «Моҳияти бақайдгирии давлатии захираҳои иттилоотӣ» ва «Тартиби ҷамъоварӣ ва ҷойгир кардани иттилоот дар соҳаи фаъолияти инноватсионӣ ва объектҳои моликияти зеҳнӣ дар Интернет-портали муттаҳидаи Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2011-2020 ва Барномаи рушди нерӯ ва моликияти зеҳнии инсон дар давраи то соли 2020» баромад карданд.

Дар кори семинар-машварат, намояндагон аз мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ, раёсатҳои иқтисод, андоз, сармоягузорӣ ва идораи амвол, стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо, гумрук, устодону донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳо, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии зертобеъи Академияи илмҳо, Академияи илмҳои кишоварзӣ, Академияи илмҳои тиббӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва соҳибкории хурду миёна иштирок намуданд.

Баргузор намудани чунин семинар-машваратҳо дар соҳаи объектҳои моликияти саноатӣ аз ҷониби Муассиса, пеш аз ҳама иҷрои самтҳои сиёсати давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазифаҳои дахлдори он дар рушди соҳаи моликияти зеҳнӣ дар ҷумҳурӣ мебошад.

Бояд қайд намуд, ки моликияти зеҳнӣ яке аз омилҳои асосии рушди иқтисодиёт мебошад ва дар навбати худ рушди иқтисодиёт метавонад ба рушди моликияти зеҳнӣ мусоидат намояд

Амалигардонии мақсад ва ҳадафҳои “Стратегияи милли рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020” ин фароҳам овардани шароит барои рушди ҳимоя, ҳифз, идоракунӣ ва истифодаи иқтидори моликияти зеҳнӣ дар маҷмӯъ ба ҳисоб меравад, ки ин дар навбати худ барои рушди иқтисодиёти рақобатпазири миллӣ, ки асоси он илм ва инноватсия мебошад, мусоидат менамояд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: