Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Паём сармашқи фаъолият мо

Паём сармашқи фаъолият мо

16-01-2017, 12:27
Хабарро хонданд: 294 нафар
Назарҳо: 0
 Паём сармашқи фаъолият мо

Дар асоси ҷадвали татбиқгардидаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар Ҷамоати Росровути ноҳияи Деваштич гуруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шарҳи моҳият ва муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ бо 180 нафар аҳолӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоилзода Зуфар Муртазохон, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон А.Шарипов, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ф.Қодиров, устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б.Ғафуров А.Мирсаидов, раиси КИН ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич К.Исмоилов ва сардори шӯъбаи КДАМ дар ноҳияи Деваштич Б.Абдуллоев ширкат варзиданд.
Раиси ноҳия Ҷӯразода Рустам Боймурод чорабиниро ифтитоҳ намуда ҳайати меҳмононро аз номи ҳозирин меҳмононро барои ташрифашон миннатдорӣ баён намуда риштаи суханро ба Исмоилзода Зуфархон дод. Зуфархон Исмоилзода дар баромади хеш оид ба яке аз нуқтаҳои асосии Паём ба ҳозирин маълумот дода, қайд кард, ки мо тамоми захираву имкониятҳо ва саъю талоши худро ба иҷрои вазифаҳои тибқи се ҳадафи стратегии миллӣ пешбинишуда таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳои аз бунбасти комуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ равона намоем.
Устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон А.Шарипов қайд намуд, ки танҳо дар 15 соли охир даромади буҷети давлатӣ аз 300 миллион сомонӣ то 18 миллиард сомонӣ зиёд гардида, даромади аҳолӣ 25 баробар ва пасандозҳо беш аз 85 баробар афзоиш ёфта, музди миёнаи меҳнат дар 20 соли охир 60 баробар ва андозаи миёнаи нафақа 85 баробар афзуд. Ҳамаи ин боиси се баробар паст шудани сатҳи камбизоатӣ гардид. Ин дастовардҳо моро водор месозад, ки содиқонаву софдилона баҳри рушди минбаъда кӯшиш ба харҷ диҳем.
Устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ф.Қодиров қайд кард, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҳамаи сарчашмаҳо аз ҷумла, аз ҳисоби лоиҳаҳои афзалиятнок барои рушди соҳаҳои энергетика, саноат, сохтмон, алоқа, инфрасохтор, маорифу тандурустӣ ва дигар бахшҳои иҷтимоӣ 88 миллиард сомонӣ равона гардид, ки ин боиси беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагонии мардуми сарбаланди Тоҷикистон мебошад.
Устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б.Ғафуров А.Мирсаидов саҳми Тоҷикистонро дар пешгирӣ кардани оқибатҳои харобовари гармшавии иқлим ва татбиқи чорабиниҳои экологӣ дар сатҳи минтақава ҷаҳон буда, алалхусус қабули қатъномаи даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор барои солҳои 2018-2028», ки аз тарафи Маҷмааи Созмони Миллали Муттаҳид барои Тоҷикистониён ин як дастоварди бузург мебошад.
Аз номи сокинон А.Шарипов ва О.Одинаев оиди дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таъмини рӯзонаи доимии барқ миннатдории хешро ба Сарвари давлат расонидани намояндагонро баён намуданд. Аз номи ҷавонон Л.Кенҷаев ва С.Болтаев баромад намуда оид ба эълон гардидани «Соли 2017-соли ҷавонон», ки боиси руҳбаландиву ифтихори мо мебошад, кулли ҷавонон миннатдории худро ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мерасонем.
Тамоми ҳозирин барои ташрифи гуруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи сипос намуданд.
Лоиқ Тӯйчиев, мутахассиси бахши таблиғоту иттилооти КИН ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: