Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Омӯзиши Паём

Омӯзиши Паём

11-01-2017, 09:47
Хабарро хонданд: 226 нафар
Назарҳо: 0
Омӯзиши  Паём
Тибқи нақшаи пракуратураи шаҳри Норак рӯзи 6 январи соли ҷорӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр оид ба тарғибу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иштироки пракурори шаҳри Норак-Абдусатторзода Умедҷон, Сардори амнияти шаҳр - Сайфуллоев Рустам, мудирони шуъбаҳои дахлдори мақомоти иҷроияи шаҳр ва Кумитаи иҷроия ҳизби шаҳрӣ, фаъолон аз корхонаю муассисаҳо, чавонону занон аз Ҷамоатҳои деҳот, минтақаҳои манзилии шаҳр вохӯрӣ доир гардид.
Вохӯриро мудири шуъбаи маънавиёти шаҳр Ҳабиба Сафарова кушода, даъватшудагонро ба ҳозирин муаррифӣ намуд.

Сипас пракурори шаҳр Умедҷон Абдусаторзода дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат, ки аз Паём бармеояд андешаронӣ намуда, қайд карданд, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ зиёда аз 54 миллиард сомонӣ ва афзоиши воқеии он 6,9 фоизро ташкил менамояд. Ҷиҳати иҷрои супориши Паёми қаблӣ музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, инчунин, нафақа ва стипендия аз 15 то 30 фоиз зиёд карда шуд ва барои пардохти он дар як сол 1,2 миллиард сомонӣ равона карда мешавад. Бояд гуфт, ки дар панҷ соли охир музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ 2 баробар ва нафақа 1,6 баробар афзоиш ёфт. Дар қатори бунёди нерӯгоҳҳои барқи обӣ сохтмону барқарорсозии иқтидорҳои дигари энергетикӣ, аз ҷумла навбати аввал ва дуюми Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» бо тавоноии 400 мегаватт амалӣ карда шуд, ки ба таъмин намудани иншооти гуногун ва сокинони шаҳри Душанбе бо гармӣ ва коҳиш додани норасоии барқ дар фасли зимистон равона гардидааст. Илова бар ин, таҷдиди нерӯгоҳи барқи обии «Сарбанд» ба маблағи 1,1 миллиард сомонӣ оғоз гардида, соли 2017 марҳалаи якуми барқарорсозии нерӯгоҳҳои барқи обии «Норак» дар ҳаҷми 3 миллиард сомонӣ ва «Қайроққум» ба маблағи 600 миллион сомонӣ шурӯъ мешавад.
Омӯзиши  Паём
Рӯйдоди муҳимми таърихӣ дар ин самт оғози бунёди сарбанди нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» мебошад, ки чанде пештар сурат гирифт. Имрӯз корҳо дар ин иншооти тақдирсоз босуръат идома доранд ва тибқи нақша агрегати аввали он то охири соли 2018 ба кор дароварда мешавад. Дар фарҷоми вохӯрӣ иштирокчиён, собиқадорон, ҷавонон, занон фикру ақидаҳои худро оид ба пешрафти ҳамаи соҳаҳои иҷтимоӣ дар тули 25 соли Истиқлолият баён намуданд.



Мудири шуъбаи таблиғоти КИШ ХҲДТ С. Зоиров





Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: