Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Паёми Президент-роҳнамои рӯзгори боз ҳам некӯтару пурсаодат аст

Паёми Президент-роҳнамои рӯзгори боз ҳам некӯтару пурсаодат аст

29-12-2016, 12:11
Хабарро хонданд: 425 нафар
Назарҳо: 0
Паёми Президент-роҳнамои рӯзгори боз ҳам некӯтару пурсаодат аст

ДУШАНБЕ, 29.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Замони муосир замони пурпечутобест, ки бархӯрду мушкилоти азимеро ба дунбол дорад. Ва ҳар лаҳза ин бархӯрду муносибатҳо тағйирпазир буда, инсониятро пешорӯи интихоби мушкил қарор медиҳанд. Дар ин замина танҳо кишварҳо ва ҷомеаҳое бурд мекунанд, ки самти дуруст ва устувореро дар масири сиёсати дохиливу хориҷии худ интихоб кардаанд. Ҳаёти чорякасраи кишвари соҳибистиқлоламон як давраи хоси таърихӣ мебошад. Тоҷикистони азиз дар ин замина зина ба зина марҳилаҳои мураккабу печидаро устуворона тай намуд. Муҳимтарин дастоварди ин давраи таърихӣ барои халқи тоҷик таҳкими пояҳои истиқлолияту ваҳдати миллист. Ин дастовард сармашқи тамоми кору талошҳои халқи тоҷик дар давоми даҳсолаҳои дигар хоҳад буд. Мантиқист, ки оғози матни Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар партави ин истиқлолу ваҳдат мазмун пайдо намуд. Нодида гирифтани саҳифаҳои таърихӣ ва сабақ наомӯхтан аз он ҳеҷ гоҳе натиҷаи судманд надорад. Ин буд, ки дар оғоз Пешвои миллат ишора ба мушкилоти сиёсиву иҷтимоии давлати ҷавони тоҷикон намуд, ки як замоне дар арсаи нобудиву фано қарор дошт. Яъне кори ӯ аз оғоз ба сулҳу ваҳдату созандагӣ рабт дошт ва ин хосияти амалаш то ҳанӯз дар ҳар қадамашон ҳувайдост. Рамзи бузурги Паём аз оғоз то анҷом ҳамин ваҳдату ҳамгироиву ободкориҳои миллат буд, ки онро аҳли ҷомеа ҷонибдор мебошад. Озодиву истиқлол дар Паём «неъмати бузурги миллат» баҳогузорӣ гашт ва даъват барои ҳифзу нигаҳдошти он муҷиби пойдории ин мулку сарзамину фарҳанг барои наслҳои минбаъда дониста шуд. Таъкиди Пешвои миллат бамаврид аст, ки халқҳову мардумони кишварҳои ҷангзада ҳеҷ гоҳ гунаҳкор намебошанд. Ҳамаи даҳшату ваҳшатҳои кишварҳои даргир бештар дар хориҷ тарҳрезӣ мешаванд ва баъдан бо ниқобҳои мухталиф вориди ҷомеаҳо мегарданд. Ин таҷрибаи талхро халқи тоҷик як маротиба аз сар гузаронид ва хушбахтона, аз ин имтиҳони сангини таърих гузашт. Аммо натиҷаҳои даҳшатноки ҷангу низои таҳмилӣ боис ба он гаштанд, ки иқтисоду инкишофи ҷомеаи мо даҳсолаҳо ақиб монад. Дар меҳвари Паём ваҳдату худшиносӣ ва худогоҳиву ҳушёрии сиёсӣ чун рамзи асосиву созанда матраҳ буд. Ваҳдату рафоқат, ки дар заминаи он истиқлолу озодӣ таҳким меёбад, сарчашмаи тамоми хушбахтиҳо номида шуд.

Чанд муждаи неки Паём

Соли 2016 дар таърихи даврони соҳибистиқлолӣ фаромӯшнашаванда аст. Шарофати ҷашни 25-солагии истиқлолият буд, ки имсол он қадар иншооту корхонаву биноҳо ба истифода дода шуданд, ки назираш дар таърихи давлатдориамон вуҷуд надошт. Навтарин дастоварди халқи тоҷик дар ин сол-ин оғози бунёди сарбанди Неругоҳи барқии обии «Роғун» мебошад. Имсол аз ҷониби созмону ниҳодҳои бонуфузи байналмилалӣ бори дигар хулосаи мусбати ташхисӣ оид ба лоиҳаи НБО-и Роғун пешниҳод гашт. Ҳамчунин Тоҷикистон дар радифи шаш кишвари бузургтарини истеҳсолкунандаи неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ бехатар дар ҷаҳон қарор гирифт. Даҳҳо НБО-и хурди дигар ба кор андохта шуданд. Акнун барои халқи тоҷик идеяи миллии рушди оянда ва ҳадафи мушаххас падид омад. Аз ин баъд майлони Тоҷикистон аз кишвари кишоварзӣ-саноатӣ ба кишвари саноатӣ-кишоварзӣ мебошад. Баъд аз се соли дигар Тоҷикистон ба истиқлолияти комили энергетикӣ хоҳад расид. Ин маънои амалӣ гаштани як ҳадафи стратегии миллӣ мебошад ва муждаи умедворкунанда барои тамоми халқи Тоҷикистон дар ин Паём буд.

Имсол бо таъсири чанд омил баъзе бонкҳои кишвар ба мушкилоти молиявӣ дучор омадаанд. Ин ҳолат дар байни аҳолӣ ташвишу изтиробро ба амал овард. Аммо вақте аз забони Пешвои миллат баён гашт, ки «…Бонки миллӣ ва Вазорати молия вазифадоранд, ки дар самти ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии амонатгузорон, пеш аз ҳама, нигоҳ доштани эътимоди аҳолӣ ва иҷрои уҳдадориҳои бонкӣ чораҳои фаврӣ андешанд», ин як муждаи эътимодбахш барои ҳар як сокини кишвар аст, ки алҳол хоҳу нохоҳ робитае ба низоми бонкӣ доранд. Яъне низоми босуботи иқтисодӣ дар кишвар ба шаҳрвандон имкону кафолат медиҳад, ки дар мавриди пасандозу дигар робитаҳои молиявӣ бо бонкҳо ноумед набошанд. Ин боз як муждаи неки Паём ба ҳисоб меравад.

Давлату Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба ҷавонон ҳамчун қишри созандаву ояндаи ҷомеа бетафовут намебошанд. Пешвои миллат аз эътимоду боварии худ нисбат ба ҷавонон зикр намуданд, ки ин натиҷаи сиёсати оқилонаи ҳукумат дар муносибат бо ҷавонон мебошад. Ҷавонон имрӯз дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангии ҷомеа ҳамчун як неруи бузург истифода мешаванд. Дар корҳои муҳими роҳбарӣ ва дар идораҳои бонуфузи давлатӣ аз неруи ҷавонон васеъ кор гирифта мешавад. Бо назардошти ҳамаи ин ва боз ҳам тақвият бахшидани нақши ҷавонон дар Паём зикр гардид: «Бо дарназардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат пешниҳод менамоям, ки соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли ҷавонон эълон карда шавад». Ин нуқтаро муждаи меҳварии Паёми имсола номида метавонем ва ин як омили таккондиҳанда дар пешрафти ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар мебошад. Зеро ҷалби неруи ҷавонон дар раванди бунёду таҳкими кишвари соҳибистиқлол дилгармиву ҳавасмандсозии ҷавонон ва дар роҳи садоқатмандӣ камол ёфтани онҳо мебошад.

Мавқеи зиндагии шоиста дар Паём

Баъди соли 2000, яъне баъди барқарор кардани сулҳу субот, барои халқи мо марҳилаи рушд оғоз гардид. Халқи соҳибнанги тоҷик тавонист, хонаи сӯхтаи худро аз нав созаду онро обод намояд. Ин аст, ки зиндагии мо аз 15-20 сол қабл хеле беҳтар аст. Татбиқи барномаҳо барои се ҳадафи стратегии муҳим бонизом ҷараён дорад, ки амалӣ гаштанашон таъмини зиндагии шоистаи мардум аст. Дар Паём зикр гардид, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна беш аз 7 фоиз афзуда, то чор баробар зиёд шудани он натиҷаи амалӣ гаштани нақшаҳои ҳадафноки ҳукумати кишвар аст. Ин дар суратест, ки кишвари мо ба монанди баъзе ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ натавонист, ки аз мероси шӯравӣ саноатеву амволе ба мерос барад. Сарфи назар аз ин, мувофиқи рақамҳои дар Паём зикршуда танҳо дар 15 соли охир даромади буҷети давлатӣ аз 300 миллион сомонӣ то 18 миллиард сомонӣ зиёд гардида, даромади аҳолӣ 25 баробар ва пасандозҳо беш аз 85 баробар афзоиш ёфтанд. Дар бештари маврид дар соли сипаришудаи барои иқтисоди ҷаҳонӣ бӯҳронӣ мо, гумон доштем, ки даромади аҳолӣ кам мегардад ва ин омил ба сатҳи зиндагии мардум таъсири манфӣ мерасонад. Аммо тавре дар Паём зикр гашт, имсол даромади пулии аҳолӣ нисбат ба соли 2015- 8,1 фоиз зиёд гаштааст.

Натиҷаҳои заҳматҳои Пешвои миллатро ҳамасола аз рӯи паёмҳои пешниҳодгашта қиёс намудан мумкин аст. Масалан, дар Паём зикр гардид, ки музди миёнаи меҳнат дар 20 соли охир 60 баробар ва андозаи миёнаи нафақа 85 баробар афзуд, ки ин натиҷа барои як кишвари аграрӣ–саноатӣ комёбии назаррас мебошад. Ҳамчунин дар ин самт ба соҳаҳои муҳими пешрафти ҳаёти иҷтимоӣ, ба монанди маориф, фарҳанг, тандурустӣ, кишоварзӣ, саноат диққати махсус дода шуд, ки дар сиёсати феълӣ дурнамои некро фарогиранд. Дар Паём зикр кардани он, ки ба соҳибкорон имтиёзу имкониятҳои бештар дода мешавад, гувоҳи он аст, ки таъмини зиндагии шоиста меҳвари аслии сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии кишвар мебошад. Бо ин мақсад, тавре дар Паём таъкид гардид, «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» қабул карда шуд. Дар маҷмӯъ дар роҳи боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии шоиста қадамҳои устувор гузошта шудаанд ва барои ба ин қуллаи мурод расидан садоқати хурду калони кишвар нақши асосӣ дорад.

Фоли нек аз Паём

Бахши сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар Паём мавқеи хос дошт. Тоҷикистон бо сиёсати дарҳои боз ҳама падидаҳои некро дар дипломатияи байналхалқӣ қабул медорад. Ин сиёсати пешгирифтаро Пешвои миллат дар Паём «дастоварди бузурги давлати миллии мо» номид. Дар ин самт фоли ниҳоят неки Паём буд, ки субҳи рӯзи ирсоли Паём барои тоҷикистониён хабари хуш расид, ки ин хушхабарро Пешвои миллат бевосита таъкид карданд. ВАО-и дохиливу хориҷӣ онро дар сархати ахбори худ қарор доданд.

Аз ҷумла, яке аз аввалинҳо шуда дар сомонаи АМИТ «Ховар» ба таври оҷиливу сареъ чунин хабар матраҳ гардид: «Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 21 декабри соли ҷорӣ қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, қабул намуд. Дар робита ба ин Раиси Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид Питер Томсон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номаи табрикӣ ирсол намуд…». Вобаста ба ин баъди як рӯзи Паём дар саҳифаҳои расонаҳои дигар иттилоъ дода шуд, ки Пан Ги Мун ба унвони Эмомалӣ Раҳмон номаи табрикӣ равон кардааст. Тавре дар заминаи ин хабарҳо маълум мешавад, тасмим ва пешниҳоди Тоҷикистон дар мавриди масъалаҳои муҳими ҷаҳонӣ ба таври пайваста аз ҷониби ҷомеаи башарӣ пазируфта мешавад. Ин ҳама далели он аст, ки Тоҷикистон имрӯз дар арсаи байналмилалӣ мақом ва ҷойгоҳи устувори худро соҳиб аст. Дар ҳалли аксар мушкилоти иҷтимоиву экологӣ ба назар расидани нақши Тоҷикистон ин мояи ифтихори ҳар як сокини кишвар аст.

Ба таври хулоса метавон гуфт, ки Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун дигар икдоми созандаву бунёдкоронаашон дар ҷомеа бо рӯҳбаландӣ истиқбол гардид. Ин Паём дар роҳи расидан ба рӯзгори боз ҳам неку саодатманди мардуми кишвари Тоҷикистон роҳнамост.

Сангини ГУЛЗОД,

Бахтиёри ҚУТБИДДИН,

устодони ДМТ.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: