ПАЁМ – РАҲНАМОИ ҶОМЕА27-12-2016, 11:09
Хабарро хонданд: 440 нафар
Назарҳо: 0
Муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Бобоҷониён Раънохон Маҳмудзода ва мудири шӯъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Мукаррама Неъматова дар Маркази таълимии шаҳри Хуҷанд бо касбомӯзону устодон оид ба фаҳмондадиҳии нуқтаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва қабул шудани қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”, ки аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, вохӯрӣ доир намуданд. Директори Маркази таълимӣ Мунаввара Дадобоева чорабиниро ифтитоҳ намуда, аз ҷумла қайд кард, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии фаъолиятро дар ҳама ҷода муайяну мушаххас намуд. Сарвари давлат бори дигар бо касбомӯзиву ҳунармандӣ фаро гирифтани сокинон дар Паём ишора карда, таъкид бар он доштанд, ки дар марҳилаи ҳассоси сиёсиву иқтисодӣ доштани ягон намуд касб ё ҳунар сарчашмаи асосии даромад ва соҳибэҳтиром гардидани шахс мегардад. Воқеан ҳам дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар садҳо дабистону марказҳои ҳунарӣ таъсис ёфтаву қисми аъзами бекорон ба ин марказҳо ҷалб шуда, ҳам ҳунару ҳам маишати зиндагиашонро таъмин месозанд ва ҷавобан ба ин ғамхориҳои Пешвои миллат ҳар кадоми моро мебояд, ки барои дастгирии ҳадафҳои маънавибунёди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, барои ба талаботи ҷомеа мутобиқ намудани мазмуни таълиму тарбия, омода намудани мутахассисони ҷавобгӯй ба бозори меҳнат, ворид намудани технологияи инноватсионӣ ба ҷараёни таълим, дар рӯҳияи ватандӯстию ватанпарварӣ, хештаншиносию таҳаммулпазирӣ ва бо идеологияи солим, таълиму тарбия намудани фарзандону шогирдон масъулиятшиносона заҳмат кашем. Сипас, муовини Раиси ҲХДТ Бобоҷониён Раънохон Маҳмудзода бобати нуктаҳои асосии Паём суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки Сарвари давлати тоҷикон бори дигар дар оғози паёми имсолаи хеш аз рӯзгори талхи шаҳрвандони кишвар дар солҳои навадуми асри гузашта ёдовар шуда, сулҳи бебозгашти тоҷиконро намунаи олии ватандорӣ ва ваҳдатшиорӣ унвон намуд. Қайд шуд, ки марҳилаи созандагиву бунёдкорӣ асосан аз солҳои 2000-ум оғоз шуда, сатҳи иқтисодиёти кишварамон сол то сол боло меравад. Алҳол Президент натанҳо ғами тоҷикон, балки ғами миллионҳо сокинони сайёраро мехӯранд. Мисоли барҷастаи он наздики 15 – сол мешавад, ки роҳнамои миллат аз минбарҳои баланди конфронсу симпозиумҳои бонуфуз аз нарасидани оби ошомиданӣ ва самаранок истифода бурдани ин неъмати бебаҳо садо баланд мекунанд. Боиси фараҳмандист, ки имсол низ ҷаласаи 71-уми Маҷмаи умумии Созмони Миллали Муттаҳид бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қатъномаи худро оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028 қабул намуд. Ба ҷонибдории он 193 давлати аъзои ин созмон раъй доданд. Дар лоиҳаи Қатъномаи мазкур ташаббускории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди «Соли байналмилалии оби тоза» эълон шудани соли 2003, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» эълон шудани солҳои 2005-2015, Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об эълон шудани соли 2013 махсус таъкид гадидааст. Номбурда аз аҳли нишаст даъват ба амал овард, ки ин рӯйдоди фараҳбахшро то ба сокинони оддӣ бурда расонанд ва дар ҳамҷоягӣ барои тозагии муҳити атроф, қадру манзалати об кӯшиш варзанд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.