Рӯзи энергетикҳои тоҷик дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии НБО-и Норак.23-12-2016, 09:11
Хабарро хонданд: 291 нафар
Назарҳо: 0
Рӯзи 21 декабри соли ҷорӣ дар толори ташкилоти ибтидоии ҳизбии Нерӯгоҳи барқи обии Норак бахшида ба 80-солагии Рӯзи энергетикҳои тоҷик маҷлиси тантавӣ доир гардид. Дар чорабинии мазкур муовини якуми ШСХК «Барқи тоҷик» Асозода Маҳмадумар Шамсулло, раиси шаҳри Норак Ҳурматзода Фатҳулло Зариф, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Норак Гулмуродзода Қумринитссо Гулмурод, муовини якуми раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод, муовини раиси шаҳр Ҳасанзода Шаҳло Ҳасан, аъзоёни Кумитаи иҷроия ҲХДТ-директорони НБО-ҳои Нораку Бойғозӣ Шоиддинов Фазлиддин Тавакалович, Зоғаков Рустам Саидович бо иштироки 300 нафар аъзоёну ҷонибдорони ҳизб аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии нерӯгоҳҳои Нораку Бойғозӣ ва «Барқчиён» ширкат варзиданд. Дар бораи ба ҳисоб рафтани энергетика яке аз соҳаҳои муҳими рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди соҳаи энергетика Асозода Маҳмадумар Шамсулло, Ҳурматзода Фатҳулло Зариф, Шоиддинов Фазлиддин Тавакалович, суханронӣ намуда, барқчиёнро ба рӯзи идашон табрик гуфта, баҳри боз ҳам беҳтару хубтар хизмат намудан ба халқу диёр, ки вазифаи муҳими ҳар як корманди соҳаи энергетик аст, таманиётҳои беҳтаринро орзу намуданд. Дар маҷлис аз тарафи ШСХК «Барқи тоҷик», Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, НБО-и Нораку Бойғозӣ ва иттифоқи касабаи Нерӯгоҳи барқи обии Норак, бахши ҷавонон варзиш ва сайёҳии шаҳр аъзоёну ҷонибдорони фаъоли ҳизб аз нерӯгоҳҳо бо Ифтихорномаҳо, нишони «Аълочии Барқи Тоҷик», мукофотпулиҳо сарфароз гардонида шуданд. Дар фарҷоми чорабинӣ аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Фарҳанг» бо барномаи консертӣ хотири ҳозиринро болида гардониданд. Мудири шуъбаи таблиғоти Куитаи иҷроияи шаҳрӣ Сабзалӣ Зоиов |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.