Тағйироти кадрии ҷиддӣ дар ҳукумати Ӯзбекистон19-12-2016, 08:30
Хабарро хонданд: 195 нафар
Назарҳо: 0
Дар Ӯзбекистон баъди тасдиқи номзадии Абдулло Орипоф ба мақоми сарвазириии ин кишвар тағйироти кадрии ҷиддӣ оғоз шудааст. Сомонаи расмии ҳукумати Ӯзбекистон 15 декабр ҳайати нави Девони вазирони кишварашро нашр кардааст. Бар пояи иттилои манбаъ, Ачилбой Раматов муовини аввали сарвазир, мудири Ҷамъияти саҳҳомии "Ӯзбекистон темир йӯлларӣ" ва раҳбари Маҷмаа оид ба масъалаҳои рушди маҷмӯии ҳудудҳо, соҳаи коммуналӣ, нақлиёт ва саноати сохтмон таъйин шудааст. Манбаъ гуфтааст, ки маълумоти ҳайати шахсии Девони вазирон дар ҳоли таҷдид аст. Ботир Хоҷаев, ки то ин дам ба ҳайси муовини вазири иқтисод кор мекард, вазири нави молияи Ӯзбекистон интихоб гардидааст. Ӯ дар ин мақом Рустам Азимовро иваз кард, ки аз соли 2005 ба ин тараф вазири молияи Ӯзбекистон буд. Баъди марги Ислом Каримов, президенти нахустин Ӯзбекистон аз Азимов ҳамчун меросбари асосии ӯ ном гирифта мешуд. Ба кадом мансаб таъйин шудани вазири пешини молияи Ӯзбекистон ҳанӯз маълум нест. Рустам Азимов феълан курсии муовинии сарвазирияшро ҳифз карда, ба зиммаи ӯ раҳбарии Маҷмаа оид ба рушди макроиқтисодӣ, ислоҳоти сохторӣ ва ҷалби сармояҳои хориҷӣ вогузор аст. Муовини пешини сарвазир Адҳам Икромов вазири тандурустӣ ва раиси Кумитаи бонувон Танзила Норбоева муовини сарвазир таъйин шудаанд. Саидраҳмон Каримӣ
|
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.