Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ҲХДТ- зодаи соҳибистиқлолии кишвар

ҲХДТ- зодаи соҳибистиқлолии кишвар

7-12-2016, 11:07
Хабарро хонданд: 280 нафар
Назарҳо: 0
 ҲХДТ-  зодаи соҳибистиқлолии кишвар



Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино имрӯзҳо дар доираи нақша- чорабиниҳо бахшида ба 22- солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чорабиниҳоро зери шиори дар ҳамкорї бо ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ роҳандозї намуда истодааст.
Вобаста ба ин санаи муњим дар ташкилоти ибтидоии «Энергетика ва захираи об»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо иштироки Шоҳинзода Ҷамшед- муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои раёсати ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, Назаров Наҳтулло Эмомович - раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино ва аъзоёни раёсати ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ зери мавзӯъи «ҲХДТ- ҳизби зодаи соҳибистиқлолии кишвар» бахшида ба ҷашни 22-юмин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чорабинии васеъ доир гардид.
Сараввал чорабиниро бо сухани табрикоти Шоҳинзода Ҷамшед- муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои раёсати ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ифтитоҳ намуда, дар бораи фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар давоми соли сипарї гардида ҳисобот дод. Аз ҷумла қайд намуд, ки ташкилоти ибтидоии ҳизбии аҳли кормандони Вазорат фаъолияти хешро мутобиқи дастуру ҳидоятҳои Раиси муаззами ҳизбамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақшаи кории хеш зери ҳадафҳои созандаи Ҳизбии Халқии Демократии Тоҷикистон ба роҳ монда, дар ин замина як қатор корҳои муҳими сиёсию фарҳангиро бо иқдоми гурӯҳҳои таблиғотӣ ва мобилии назди ташкилот дар ҳамкорї бо Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳия баргузор намуд. Аз ҷумла ёдовар шуд, ки дар доираи ин ҷашнҳо ва бо роҳи дуруст роҳандозї намудани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ ҷиҳати расонидани ҳадафҳои оинномавӣ ва барномавии ҳизб дар давоми соли ҷорӣ 25 - нафар ҷавонони фаъоли кормандони Вазорат ба узвияти ҳизб пайвастанд . Сипас, Наҳтулло Назаров – раиси кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино аз рӯи мавзӯъи чорабини «ҲХДТ- ҳизби зодаи соҳибистиқлолии кишвар» баромад намуда, пеш аз ҳама ҳамагонро ба муносибати ҷашни 22- солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон табрику муборакбод намуд. Зимини баромади хеш қайд намуд, ки барои аъзоёни ҳизб истиқболи рӯзи ҳизб падидаи нодиру пурарзиши таърихии даврони соҳибистиқлолии кишвар ва самараи ҷаҳду талошҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Сарвари давлат, Раиси муаззами ҳизбамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Зеро Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ҳадафҳои созандаи хеш роҳеро дунбола намуд, ки Пешвои миллат бо дастуру ҳидоятҳои арзишмандашон онро ба ҳамон самт равона месозанд.
Аз ҷумла ӯ ёдовар шуд, ки ҲХДТ он нерӯи сиёсие мебошад, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишварамон зери ғояҳои озодиҳои сиёсию иқтисодӣ, аз қабили плюраризми сиёсӣ, озодии афкор, озодии сухан ва матбуот, таъмин намудани интихоботи шаффофу демократӣ, таъмини волоияти қонунмдар баробари тамоми шохаҳои ҳокимият ва ҷомеа ва дигар ғояҳои созанда рӯи кор омад.
Ҳамчунин ӯ дар фарҷоми суханронии хеш қайд намуд, ки мо наслҳои имрӯзи тоҷикон, ки масъулияти тақдири давлат ва миллатро бар дӯши хеш гирифтаем, бояд халқамонро ҳамеша дар муттаҳидӣ нигоҳ дорем ва ба бунёдкориву созандагӣ раҳнамун созем. Моро мебояд, Истиқлоли кишвари азизамонро чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем ва Ватанамонро ободу зебо гардонем.
Инчунин дигар аъзоёну фаъолони ҳизб низ зимни чорабини баромад намуда, доир ба фаъолияти созандаи ҳизб суханрони намуданд.



Мудири шӯъбаи
таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино А.Муминов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: