Наврӯз мероси фарҳангии ЮНЕСКО эътироф шуд2-12-2016, 14:32
Хабарро хонданд: 237 нафар
Назарҳо: 0
Наврӯз ба феҳристи мероси ғайримоддии ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил шуд. Тавре сомонаи ЮНЕСКО иттилоъ медиҳад, қарори ворид кардани Наврӯз ба ин феҳрист 30 ноябр дар ҷаласаи Кумитаи ҳифзи мероси ғайримоддӣ қабул шудааст. Наврӯз бар асоси дархости дастаҷамъонаи Тоҷикистон, Афғонистон, Озарбойҷон, Ҳиндустон, Эрон, Ироқ, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Покистон ва Туркманистону Туркия шомили рӯйхати мероси ғайримоддӣ шуд. Дар ин кишварҳо Наврӯз ҳамасола 21 март таҷлил мешавад. "Дар остонаи Наврӯз давоми ду ҳафта маросимҳои анъанавӣ таҷлил мешавад, ғизоҳои махсус омода мешавад, мардум ба хонаҳои ҳамдигар мераванд, варзишҳои вижае баргузор мешавад", - омадааст дар хабари ЮНЕСКО. Дар ҷаласаи Кумитаи ҳифзи мероси ғайримоддӣ дар назар аст, ки дархости Тоҷикистону Ӯзбекистон дар мавриди ба феҳристи меросими ғайримоддӣ шомил кардани "оши палав" низ баррасӣ шавад. Саидраҳмон Каримӣ
|
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.