Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Табрикоти Шӯрои Марказии ТҶҶ «Созандагони Ватан» бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ

Табрикоти Шӯрои Марказии ТҶҶ «Созандагони Ватан» бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ

19-03-2016, 16:00
Хабарро хонданд: 494 нафар
Назарҳо: 0
Табрикоти Шӯрои Марказии ТҶҶ «Созандагони Ватан» бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ
Ҳамватанони гиромӣ,
Ҷавонони саодатманди кишвар!

Мо дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни Наврӯзи оламафрӯз, ки мақоми байналмилалӣ гирифтаасту ҷаҳониён онро ҷашн мегиранд, қарор дорем.

Наврӯз пайвандгари наслҳои имрӯзу фардо бо расму ойинҳо ва арзишхои миллӣ, инъикосгари эҳёи табиат, сафобахшандаи қалбҳо, оғози ҳаёту ҳастии ҷадид мебошад.

Бо омадани Наврӯз табиати биҳиштосои Ватани маҳбубамон- Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол аз нав зинда гардида, гармӣ бар сардӣ, рӯшноӣ ба торикӣ, кӯшишу ҳаракат ба ақибмондагию оромӣ зафар меёбад.

Наврӯз ба мо наслҳои имрӯза мерос мондааст ва мо бояд , арҷгузорӣ ба ин ҷашни миллӣ, эҳтиром ба гузаштагон ва расму русуми он бошем .

Аз ин рӯ, ҳар яки мо, бахусус ҷавононро мебояд, ки бо ин мероси аҷдодони худ пеш аз ҳама бифахрем, онро ҳифз намоем ва ба ояндагон поку беолоиш эҳдо намоем.

Дар марҳилаи муосири ҷамъиятӣ моро лозим аст, ки баҳри татбиқи сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати кишвар, бахусус Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти эҳё ва нигоҳдошти ҷашнҳои миллӣ, аз он ҷумла Наврӯз кору пайкори бештаре намоем, онро таблиғ намоем, дар замири ҷавонон эҳтиром ба онҳоро тарбия намоем ва ба ин васила онро гиромӣ дорем.

Дар ин росто, аз фурсати муносиб истифода намуда, дар ин рӯзҳои баҳорӣ ба ҳар як сокини кишвари азиз, бахусус ҷавонони бо нангу номуси он, пеш аз ҳама сулҳу субот, осоиши рӯзгор ва якдилию иттиҳодро таманно менамоем.
Наврӯзатон пирӯз бод, ҳамватанони азиз!
Шӯрои Марказии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» шаҳри Душанбе, 19 марти соли 2016
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: