Аз хушунат то муҳаббат як қадам2-12-2016, 12:13
Хабарро хонданд: 264 нафар
Назарҳо: 0
Ҳамасола дар тамоми ҷаҳон аз санаи 25-ноябр то 10-декабр маъракаи иттилоотии «16-рӯзи зидди зӯроварӣ» қайд мегардад, ки он бахшида ба қабули Конвенсия оид ба бартараф намудани ҳамагуна маҳдудкуниҳо нисбати занон қабул карда шудааст. Вобаста ба ин маъракаи муҳим дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд чорабинии маърифативу фарҳангӣ таҳти унвони «Аз хушунат то муҳаббат як қадам» доир гардид. Дар ин чорабинӣ устодону шогирдони донишкада, раиси кумитаи кор бо занон ва оилаи МИҲД-и шаҳри Хуҷанд Муҳайё Дадабоева, мудири шӯъбаи кор бо занони кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ Мукаррама Неъматова, сарвари маркази занони «Гулрухсор» Бобоҷонова Сабоат дар бораи омилҳои сар задани хушунат дар оила сухан ронда, таъкид доштанд, ки маҳз паст будани маърифати оиладорӣ, бетарафии аҳли ҷомеа сабаб мешавад, ки сафи пошхӯрии оилаҳо зиёд шаваду фишору тазйиқ низ аз ҷониби яке аз аъзоҳои оила нисбати дигар аъзои оила сар занад. Ба андешаи маърӯзакунандагон хушунат ба чанд навъ ҷудо мешавад: Равонӣ, ҷисмонӣ, ҷинсӣ, молӣ-иқтисодӣ ва ғайра, ки ҳамаи ин намудҳои хушунат дар оилаҳои анъанавии тоҷикӣ дида мешавад. Ва меваи ин амал кӯдакони кӯча, ноболиғони моҷароҷӯю ҷинояткор, кӯдакони хонагурезу мактаббезор аст, ки мо ҳамарӯза онро мушоҳида мекунем. Мутахассисони маркази занон «Гулрухсор» доир ба мавзӯи муноқишаҳои оилавӣ, муносибати арӯсу хушдоман ва мавқеи занону духтарон дар рушди иҷтимоиёт маърӯза намуда, тариқи слайдҳои ҷолиб маълумот доданд. Устоди донишкада, номзади илмҳои педагогӣ Хайринисо Темирова аз донишҷӯёни донишкада даъват ба амал овард, ки барои бунёди оилаҳо ҳаргиз ба шитобкорӣ роҳ надиҳанд. Баръакс то метавонанд ҳар лаҳзаи умри пурбаракоти худро сарфи илмомӯзӣ намоянд. Ва берун аз таҳсил ҳар яке чун волонтёр ба кори чунин марказҳо кӯмак намуда, барои пойдории оилаи солим дар ҷомеа кӯшиш варзанд. Суруд дар васфи муҳаббати хонаводагӣ, саҳначае аз рӯзгори як оилаи ҷавон, рақси «рангҳои зиндагӣ» аз ҷониби донишҷӯёни донишкада хеле хушу хотирмон буд. Инчунин, аз ҷониби донишҷӯён доир ба мавзӯъҳои «Вазифа ва ӯҳдадориҳои зану мард дар нигоҳдошти оила», «Муносибати духтару модар», «Нофаҳмиҳо ва ҷанҷолҳои оилавӣ» саволхо дода, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд. Бо ҳамин чорабинӣ анҷом ёфт. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.