Ҳамоиш бахшида ба Соли фарди солим4-06-2016, 11:00
Хабарро хонданд: 379 нафар
Назарҳо: 0
Дар тарабхонаи «Дустӣ»-и маркази шаҳри Панҷакент бахшида ба соли 2016- соли фарди солим дар мавзӯи «Баробарҳуқуқии зан ва мард, Пешгирии хушунат дар оила» ҳамоиш баргузор гардид.
Дар ҳамоиш намояндагони ташкилоти ғайриҳукуматии «Миссияи шарқ», ташкилоту муассисаҳо, Ҷамоатҳои деҳот, табибон аз беморхонаи марказии шаҳр ва Маркази саломатии шаҳр, инчунин ҳуқуқшиносон иштирок доштанд. Дар ҳамоиш ҳозирин оид ба пешгирии никоҳи хешутаборӣ, зӯроварӣ дар оила, баробарҳуқуқии марду зан дар оила, таълиму тарбияи кӯдакон, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа мубодилаи афкор намуданд. Дар ин ҳамоиш барномаи фарҳангӣ ва саҳначаҳои ҷолиб аз рӯзгори имрӯза пешниҳоди ҳозирин гардид. Муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент П. Тошева дар ин ҳамоиш иштирок ва суханронӣ карда, ба ташкилкунандагони чорабинӣ изҳори минаттдорӣ намуд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.