Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Тоҷикистон дар рейтинги нави ФИФА 9 зина боло рафт

Тоҷикистон дар рейтинги нави ФИФА 9 зина боло рафт

29-11-2016, 11:12
Хабарро хонданд: 412 нафар
Назарҳо: 0
Тоҷикистон дар рейтинги нави ФИФА 9 зина боло рафт

Тоҷикистон дар раддабандии нави FIFA (Федератсиони байналмилалии футбол), ки 24 ноябр нашр шуд, мавқеи худро 9 зина боло бурда, миёни 211 кишвари дунё бо 231 имтиёз дар ҷойи 131-ум қарор гирифтааст.

Дар байни 46 дастаи Конфедератсиони футболи Осиё Тоҷикистон мақоми 20-умро касб кард. Дар Осиё Эрон дар ҷойи аввал (дар ҷаҳон 30-юм), Кореяи Ҷанубӣ дар ҷойи дувум (дар ҷаҳон 37-ум) ва Ҷопон дар ҷойи севум (дар ҷаҳон 45-ум) қарор доранд.

Мунтахаби Аргентина дар феҳристи нави ФИФА бо 1634 имтиёз дар ҷойи аввал буда, мунтахаби Бразилия (1544 имтиёз) ҷойи дувум ва тими Олмон (1433 имтиёз) ҷойи севумро ишғол кардаанд.

Аз байни кишварҳои пасошӯравӣ зинаҳои баландро дар раддабандии ФИФА Украина (29-ум), Русия (55-ум) ва Узбакистон (62-юм) ба даст овардаанд. Мунтахаби Тоҷикистон дар байни кишварҳои Шӯравии собиқ танҳо аз Туркманистон (143) ва Молдова (162) пеш гузашт.

Саидраҳмон Каримӣ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: