Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Евро-2016: Русия дар қатори 8 дастаи ноком

Евро-2016: Русия дар қатори 8 дастаи ноком

26-06-2016, 08:00
Хабарро хонданд: 299 нафар
Назарҳо: 0
Евро-2016: Русия дар қатори 8 дастаи нокомМарҳалаи ниҳоии 15-умин мусобиқаи қаҳрамонии футболи Аврупо, ки рӯзи 10 июн бо бозии тими мизбон-Фаронса ва мунтахаби миллии Руминия оғоз шуда буд, феълан дар 10 шаҳри Фаронса идома дорад.

Давоми 13 рӯзи мусобиқа тақдири 16 даста ҳал шуд, яъне 8 даста ба марҳилаи 1/8 финал роҳ ёфтанд ва 8 даста - Албания, Руминия, Словакия, Русия, Ирландияи Шимолӣ, Украина, Туркия ва Чехия аз ҳаққи идомаи рақобатҳо маҳрум шуданд.

Дастаи мунтахаби Фаронса, ки дар гурӯҳи А бо тимҳои Руминия, Албания ва Швейтсария қувваозмоӣ кард, бо 7 имтиёз пешсафи гурӯҳ шуд. Дар ин гурӯҳ дастаи Швейтсария бо 5 имтиёз дар ҷои дуюм қарор гирифт ва ҳуқуқи дар марҳилаи баъдӣ бозӣ карданро пайдо кард. Дастаҳои Албания ва Руминия, ки аз натиҷаи 3 бозӣ якумӣ 3 имтиёз ва дувуми 1 имтиёзиро ба даст оварданд, Евро-2016-ро падруд гуфтанд.

Натиҷаи бозиҳо дар гурӯҳи В барои ҳаводорони футбол ғайри интизор шуд. Дар ин гурӯҳ яккачини Русия бо тимҳои Англия, Словакия ва Уэлс бозӣ кард. Қабл аз анҷоми рақобатҳо бисёриҳо ҳадс мезаданд, ки тими Русия, пешсафи гурӯҳ хоҳад шуд. Аммо гумони мухлисони ин тим баръакс сурат гирифт. Дар ин гурӯҳ мунтахаби Уэлс бо 6 имтиёз дар ҷои аввал аст. Дастаи Англия низ бо 5 имтиёз ба даври дигар роҳхат гирифт. Тими Словакия бо се имтиёз ва мунтахаби Русия бо як имтиёз аз идомаи бозиҳо маҳрум шуданд.

Баъзе шореҳону коршиносони соҳа қабл аз оғози бозиҳои Евро-2016 фарзияеро пешниҳод карда буданд, ки дар сурати нокомии тими миллии Русия дар ин мусобиқот сармураббии он Леонид Слутский аз вазифа барканор хоҳад шуд.

Ин тахмин рост баромад, пас аз натиҷаҳои ин тим дар даври гурӯҳӣ Леонид Слутский истеъфо дод.

Дар гурӯҳи С бошад, Германия ва Полша бо 7 имтиёзӣ ба плей-оффи чемпионати Евро-2016 роҳ ёфтанд. Ирландияи Шимолӣ бо 3 имтиёз ва Украина бидуни имтиёз мусобиқаро падруд гуфтанд.

Баъди пирӯзӣ бар Испания Хорватия бо 7 имтиёз пешсафи гурӯҳи D шуд. Испания низ бо 6 имтиёз ба дар даври минбаъда роҳ ёфт. Аммо Чехия бо 3 ва Туркия бо 1 имтиёз дар нимароҳ монданд.

Чаҳор бозии боқимондаи даври сеюм дар гурӯҳҳои Е ва F имрӯз, 22 июн баргузор мегарданд. Тартиби ҷойгиршавии дастаҳо ва натиҷаи бозиҳо то имрӯз дар ин ду гурӯҳ чунин аст:
Евро-2016: Русия дар қатори 8 дастаи ноком

Евро-2016: Русия дар қатори 8 дастаи ноком

Ёдовар мешавем, бозиҳои гурӯҳии мусобиқаи қаҳрамонии Евро-2016 то рӯзи 22 июн давом мекунад.
Дар мусобиқаи 1/8 финал рӯзҳои 25-27 июн тартиби бозиҳо чунин аст:
25 июн – ҷои дуюми гурӯҳи A – ҷои дуюми гурӯҳи C
25 июн - ҷои якуми гурӯҳи В- - ҷои сеюми гурӯҳи A/C/D
25 июн – ҷои якуми гурӯҳи D – чои сеюми гурӯҳи B/E/F
26 июн – ҷои якуми гурӯҳи A – ҷои сеюми гурӯҳи C/D/E
26 июн – ҷои якуми гурӯҳи C – ҷои сеюми гурӯҳи A/B/F
26 июн – ҷои якуми гурӯҳи F – ҷои дуюми гурӯҳи E
27 июн – ҷои якуми гурӯҳи E – ҷои дуюми гурӯҳи D
27 июн – ҷои дуюми гурӯҳи B - ҷои дуюми гурӯҳи F

Бозиҳои чорякниҳоӣ рӯзҳои 30 июн, 1, 2 ва 3 июл, вохӯриҳои нимфиналӣ бошанд, рӯзҳои 6 июл дар Лион ва 7 июл дар Марсел баргузор мегарданд.
Бозии финалӣ 10 июл доир мегардад.
Алиҷон Ҷӯраев
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: