Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Мунтахаби Тоҷикистон бар тими Туркманистон пирӯз шуд

Мунтахаби Тоҷикистон бар тими Туркманистон пирӯз шуд

10-11-2016, 12:29
Хабарро хонданд: 331 нафар
Назарҳо: 0
Мунтахаби Тоҷикистон бар тими Туркманистон пирӯз шуд

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозии байналмилалии дӯстона бар тими миллии Туркманистон бо ҳисоби 3:0 ғолиб шуд. Ин бозӣ 9-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе дар доираи омодагии ҳарду даста ба мусобиқаи интихобии гуруҳии Ҷоми Осиё-2019, ки моҳи марти соли оянда оғоз меёбад, доир шуд.

Ҳар се голро Манучеҳр Ҷалилов зад. Дар ин бозии дӯстона дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон панҷ легионер – дарвозабон Абдуазиз Маҳкамов («Олой», Қирғизистон), ҳимоятгарон Искандар Ҷалилов («Дунав», Булғористон), нимҳимоятгарон Нуриддин Давронов («Дунав», Булғористон) ва Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Пловдив, Булғористон), инчунин ҳамлагар Ҷаҳонгир Эргашев («Динамо-Брест», Беларус) - бозӣ карданд.

Ин бозии ҳаштуми дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Туркманистон дар муддати 24 соли рақобати онҳо ба шумор мерафт. Се бозӣ бо пирӯзии футболбозони туркман анҷом ёфтааст. Дар се бозӣ футболбозони тоҷик ғолиб омадаанд ва ду бозӣ мусовӣ шудааст.

Мунтахаби Тоҷикистон дар доираи омодагиҳо ба мусобиқаи интихобии гуруҳии Ҷоми Осиё-2019 рӯзи якшанбеи 13-уми ноябр бо тими миллии Афғонистон бозии байналмилалии дӯстона анҷом медиҳад. Ин бозӣ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 16:00 шуруъ мешавад.

Саидраҳмон Каримӣ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: