Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Ҷанни Инфантино – президенти нави ФИФА

Ҷанни Инфантино – президенти нави ФИФА

2-03-2016, 10:30
Хабарро хонданд: 235 нафар
Назарҳо: 0
Ҷанни Инфантино – президенти нави ФИФА
Дабири кулли УЕФА Ҷанни Инфантино президенти нави Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) интихоб шуд.

Интихоботи ғайринавбатӣ барои ишғоли курсии президенти ФИФА, ки аз соли гузашта баъди барканории Зепп Блаттер холӣ буд, шоми 26 феврал дар Женеваи Швейтсария баргузор гашта, Инфантинои 45-сола бо гирифтани 115 овоз аз 207 овози мавҷуда пирӯз шуд.

Барои курсии президентӣ инчунин чор номзади дигар, Шайх Салмон Бин Иброҳим Ал-Халифа, президенти Конфедеросиюни футболи Осиё (88 овоз), Алӣ Ал-Ҳусейн шоҳзодаи Урдун (4 овоз), Жером Шампан (4 овоз) собиқ дабири кулли ФИФА ва Токио Сексвале аз Африқои ҷанубӣ рақобат карданд.

Дар интихоботи ғайринавбати президенти ФИФА намояндагони 207 кишвар иштирок карданд. Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ Хуршед Файзуллозода ноиби аввали президенти ФФТ намояндагӣ кард.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: