Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Эмомалӣ Раҳмон - бунёдгузори давлати соҳибихтиёр.

Эмомалӣ Раҳмон - бунёдгузори давлати соҳибихтиёр.

19-11-2016, 10:09
Хабарро хонданд: 233 нафар
Назарҳо: 0
Эмомалӣ  Раҳмон - бунёдгузори давлати соҳибихтиёр.
Тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак дар доираи гузаронидани чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар китобхонаи марказии шаҳр бо ҷалби аъзоёну ҷонибдорони ҲХДТ аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, собиқадорони ҳизб конференсияи ҳизбӣ таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон-бунёдгузори давлати соҳибихтиёр» доир гардид.
Сараввал конференсияро раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Гулмуродзода Қумриниссо оғоз намуда, ҳозиринро бо ин санаи муҳими таърихӣ табрик намуд. Мавсуф иброз дошт, ки маҳз бо ҷаҳду талошҳои Сардори давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ормонҳои мардуми тоҷик амалӣ гашта, ба Истиқлолият ва ваҳдати комил расидем. Ҳамин аст, ки Истиқлолияти ба даст овардаи моро 150 давлати дунё эътироф кардаанд. Тасвири симои шахсе, ки халқи беш аз ҳзор сол аз санаи таърих дурафтодаро аз сари нав ҳамчун миллати соҳибдавлат ба арсаи сиёсати ҷаҳонӣ ворид сохт, халқи гирифтори гирдоби нобудиро наҷот дод, ҷон дар кафи даст мухолифинро ба оғӯш кашид, гунаҳгорон, ҷинояткоронро авф кард, гурезаҳоро ба Ватан, ба макони зисти авлодияшон овард, ба миллат ваҳдат, омият овард, ҳама дорои, қудрат ва сиёсатро дар хизмати инсон гузошт, пояи давлатдориро аз сифр, низоми молиявиро аз хазинаи холии бағоратрафта, неъмати озодиву соҳибдавлатиро барои ташнагони беш аз ҳазорсола эҳдо кард, сафи модарони тоҷикро ҳамчун модари миллати соҳибдавлат то созмонҳои бонуфузи байналмиллалӣ расонид, мардуми парешонгаштаро дар сари дастархони сиёсати миллӣ муттаҳид сохт, дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлатеро бо номи Точикистон сабт кард. Бо корҳои хирадмандонааш қарзи фарзандии худро дар назди Ватан-модар адо кард. Ӯ қаҳрамон аст. Қаҳрамоне, ки мақсаду мароми ӯ осудагиву тинҷии халқу ватанаш мебошад . Албатта Ватан чунин фарзандони ҷонфидои худро фаромӯш намесозад. Номи онҳо абадан дар саҳфаҳои таърих боқи хоҳад монд.
Эмомалӣ  Раҳмон - бунёдгузори давлати соҳибихтиёр.

Дар фарҷом Гулмуродзода Қумриниссо ҳамаи иштирокчиёни ҷамъомадро ба ин санаи муҳими таърихӣ - Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, чорабиниро ҷамъбаст намуданд.




Мудир шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак М. Ғуриева


Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: