Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » БОЗ ЯК ҚАДАМИ УСТУВОР БАРОИ ТАЪМИНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКИИ МАМЛАКАТ

БОЗ ЯК ҚАДАМИ УСТУВОР БАРОИ ТАЪМИНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКИИ МАМЛАКАТ

4-11-2016, 11:00
Хабарро хонданд: 238 нафар
Назарҳо: 0
 БОЗ ЯК ҚАДАМИ УСТУВОР БАРОИ ТАЪМИНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКИИ МАМЛАКАТ

Санаи 29 октябри солли 2016 дар таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол боз як ҳодисаи муҳим рух дод. Ин рӯз дар ҳолати тантанавӣ бо иштироки бевоситаи Сарвари давлатамон Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақсади идома бахшидан ба сохтмони бузурги стратегии мамлакат НБО-и Роғун маҷрои дарёи Вахш баста шуд. Бояд таъкид намуд, ки сохтмони ин НБО-и пурқудратарини Осиёи Миёна ҳанӯз дар даврони Шӯравӣ, солҳои 70-уми асри XX шурӯъ гардида буд. Лекин бо сабаби ҳодисаҳои солҳои 90-уми қарни гузашта қатъ карда, танҳо баъди ба эътидол омадани вазъи сиёсӣ ва иқтисодӣ дар ҶТ аз нав оғоз ёфт.

Дар марҳилаи аввали барқарор гардидани корҳои сохтмонӣ кишварҳои Россия ва Хитой барои анҷом додани корҳо дар Роғун ба ҳамкорӣ розӣ шуда буданд. Лекин бо сабабҳои зиддияти баъзе аз давлатҳои ҳамсоя ин кишварҳо мавқеи худро дигар карданд. Кишвари мо новобаста аз ин зиддият ва ихтилофҳо мавқеи худро дигаргун накарда ҷамъияти саҳҳомии Роғунро таъсис дода, корҳои барқарорсозиро идома дод. То имрӯз барои корҳои барқарорсозӣ ва сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» дар давраи истиқлолият зиёда аз 12,5 миллиард сомонӣ маблағ аз худ карда шудааст.
Тибқи иттилоъ сарбанди нерӯгоҳи «Роғун» бо баландии 335 метр баландтарин садди заминӣ (гиливу сангӣ) дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, боиқтидори 3600 мегаватт (беш аз 17 миллиард киловатт–соат) калонтарин нерӯгоҳи барқи обӣ дар минтақа хоҳад буд, ки он барои расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат расидан ба истиқлолияти энергетикӣ бевосита мусоидат хоҳад кард.

Боиси хурсандист, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар бунёди ин сохтмони ҳаётан муҳими Тоҷикистон фикрашонро куллан дигар карда, муҳимияти онро барои рушди минтақа дарк намудаанд. Имрӯз ширкатҳои бонуфузи “Салини Импре - ҷило”-и Италия ва “Трактебел инҷи - ниринг”-и Франсия дар сохтмони НБО Роғун ҳамкорӣ карда истодаанд.

Сарвари давлатамон Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронӣ дар бастани маҷрои дарёи Вахш зикр намуданд, ки “навбати аввали нерӯгоҳ, яъне агрегати якум охири соли 2018 ва агрегати дуюм моҳи апрели соли 2019 ба истифода дода шуда, нерӯи барқи истеҳсолшуда ба системаи энергетикии кишвар интиқол дода хоҳад шуд”.

Ба анҷом расондани ин сохтмони азим ва ба кор даромадани ҳамаи шаш агрегатҳои он барои мардуми тоҷик, минтақаи Осиёи Марказӣ ва дигар давлатҳои ҳамсоя аҳамияти беҳамто дошта, барои некӯаҳволии халқ ва рушди иқтисодиёти Тоҷикистон такони бузург мебахшад.

И.Ҷабборов, дотсент
мудири кафедраи ҳуқуқшиносии
ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: