Маҳкам Маҳмудзода, раиси Суди конститутсионии Тоҷикистон: «Давлат тобеи Конститутсия мебошад…»3-11-2016, 09:48
Хабарро хонданд: 713 нафар
Назарҳо: 0
Конститутсия, аз як тараф, барои рушди давлати демократӣ ва таъсиси низоми самарабахши ҳокимияти давлатӣ заминаи ҳуқуқӣ гузошта, аз ҷониби дигар, барои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар саросари мамлакат шароити мусоид фароҳам овард. Эмомалӣ Раҳмон Душанбе, /АМИТ «Ховар»/. Тибқи воқеияти умумии эътирофшуда давлате, ки Конститутсияи мушаххас надошта бошад, вуҷуд дошта наметавонад. Қонуни асосӣ ба воқеияти давлатӣ нигаронида шуда, давлатро ташаккул медиҳад, дар навбати худ давлат Конститутсияро ба вуҷуд меорад ва мазмуну ҳудуди амали онро муқаррар менамояд. Давлат тобеи Конститутсия буда, ба ҳайси кафили амалишавии меъёрҳои он баромад менамояд. Ин ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ ҳамчун маҳсули давлат сатҳи ташаккули тамоми ҷомеа ва хусусияти муносибатҳои ҳокимиятиро, ки зимни қабул ва амали он ба миён омадаанд, инъикос менамояд. Ғояи марказии Конститутсия дар зарурати таъмини ҳамфикрӣ ва созиши қувваҳои мухталифи ҷамъиятиву сиёсии ҷомеа дар шароити муосир ва ояндаи таърихӣ зоҳир меёбад, ки ин шаҳодати омили муҳими суботи сиёсӣ, кафолати ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмии милливу иҷтимоӣ будани Конститутсия мебошад. Конститутсия андешаи назариявии давлати ҳуқуқбунёдро, ки дар қатори дастовардҳои муҳими тамаддуни инсонӣ ҷойи намоёнро ишғол намуда, ба эъмори давлате, ки дар он ҳуқуқ моҳияти ташаккули муносибатҳои мутақобилаи шахсияту давлатро ташкил намуда, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд таъмин гардида ва беқонунӣ истисно карда мешавад, нигаронида шудааст. Дар назарияи илми ҳуқуқ мавҷудият ва амали бевоситаи Конститутсия нишондиҳандаи муҳими волоияти ҳуқуқ дар давлат, афзалият ва эҳтироми ҳуқуқҳои шахсият маҳсуб ёфта, ин ғояи конститутсионӣ татбиқи васеи худро қариб, ки дар тамоми дунё пайдо намуда, усулҳои зӯроваронаи амалисозии ҳокимият ва идоракунии давлат, вайронкунии моҳияти қонунро инкор мекунад. Яке аз мақсадҳои заминавии ислоҳоти ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ- ин қабули Конститутсияи муосир ва дар заминаи он бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад, ки ғояҳои муосири аз ҷониби умум пазируфташуда, дорои характери универсалӣ мебошад ва ба ҳама гуна низоми сиёсӣ ва идеологии халқиятҳои дар раванди таърихии давлатдории ҷаҳон мавҷудбуда мувофиқат менамояд. Бинобар ин, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар давлатҳои аъзои собиқ ҷумҳуриҳои иттифоқӣ дар солҳои аввали ташаккули пояҳои истиқлоли миллӣ тавассути раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи нав қабул гардида, саҳифаи навро дар низоми таърихи давлатдории тоҷикон оғоз намуд ва дигаргунии куллиро дар ҳаёти ҷомеа ба миён оварда, самти ташаккули иқтисодиву иҷтимоӣ ва ҷамъиятиву сиёсии давлатро муайян намуд. Конститутсияи Тоҷикистон ба марҳалаи нави таърихии гузариш аз ҷомеаи собиқ сотсиалистӣ ба давлати ҳуқуқбунёди иҷтимоӣ ва ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ гузошта, барои муайян намудани асосҳои сохтори конститутсионӣ, таҳкими ҳокимияти давлатӣ, самтҳои ҷараёни инкишофи ҷомеа, бунёди давлатдории навин заминаи воқеӣ гузошта, дар заминаи он рушди бемайлони давлат, вазъи муътадили сиёсӣ ва амнияти ҷомеа, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳкими қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд таъмин карда шуд. Қонуни асосии кишвар, ки дар марҳилаи басо мураккаби сиёсии рӯзҳои аввали ташаккули давлати мустақил қабул гардид, бузургтарин дастоварди даврони соҳибистиқлолии кишвар маҳсуб ёфта, ҳамчун санади муҳими ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷати сарнавиштсоз барои амалӣ намудани ҳадафҳои неки созандаи пешрафту тараққиёти давлати муосир асос гузошт. Бояд ёдовар шуд, ки таърихи қабули ин ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ ба вазъи мураккаби солҳои 90-уми қарни сипаригардида, ки Тоҷикистон қадамҳои аввалини худро барои бунёди аркони давлатдории миллӣ мегузошт, рост омад ва аҳамияти муҳими таърихии Конститутсия низ маҳз дар он аст, ки он, пеш аз ҳама, барои таъмини сулҳу субот ва ба эътидол овардани вазъи сисёсӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат намуд. Тибқи Конститутсия Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон шуда, барои татбиқи ҳадафҳои Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки оғози марҳалаи муҳими таҳкими ҳокимияти конститутсионӣ дар кишвар маҳсуб меёбад, асос гузошт. Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 5 ноябри соли 2015 дар Паёми телевизионӣ ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд: «Конститутсия ҳамчун муҳимтарин омили таъмини истиқлоли миллӣ ва якпорчагии кишвар тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлатро кафолат дода, халқи Тоҷикистонро сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф намуд». Конститутсия давлати моро бо тамоми хусусиятҳои ҷаҳониаш таъсис дода, мустақилияти давлатро бо ҳама унсурҳояш, аз қабили ҳудуд, соҳибихтиёрӣ дар ҳалли масъалаҳои дохили давлатӣ, мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ, шаҳрвандӣ, қонунгузории мустақил, асъори миллӣ, қувваҳои мусаллаҳ ва ғайра мустаҳкам намуда, муносибати мутақобилаи давлат ва мақомоти давлатиро бо ҷомеа ва ниҳодҳои он ба вуҷуд овард. Дар он асосҳои пешрафти давлати муосир, кафолати ҳуқуқ ва озодии инсон ва шаҳрванд, фаъолияти озоди иқтисодӣ, таҷзияи ҳокимият, гуногунандешии сиёсию мафкуравӣ, демократияи намояндагӣ, бисёрҳизбӣ, озодии эътиқод, сухан, матбуот, гуногуншаклии моликият, фаъолияти озоди иқтисодӣ ва соҳибкорӣ, ки нишондиҳандаи мавҷудияти низоми демократии сиёсиву иҷтимоӣ мебошанд, муайян гардидаанд. Конститутсия ба сифати қонуни олии давлат принсипҳои муҳимтарини ҳаёти ҷомеаро муайян намуда, дар таърихи начандон тӯлонии худ барои эҳтиром гузоштан ба арзишҳои пазируфташудаи инсонӣ, ба монанди риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини шароити мусоид барои зиндагии арзандаи ҳар шахс фазои мусоиди ҳуқуқӣ ба вуҷуд оварда, аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ яке аз беҳтарин конститутсияҳо эътироф шуд. Бо қабули Конститутсия, ки имрӯзҳо аз он бисту ду сол сипарӣ мешавад, тамоми рукнҳои давлат дар сатҳи зарурӣ ташаккул, такомул ва тақвият ёфта, он вазъи воқеии пешрафти давлат ва самти ташаккули иҷтимоиву иқтисодӣ, ҷамъиятиву сиёсӣ ва диниву маънавии ҷомеаро дар шароити муосир инъикос менамояд. Дар заминаи Конститутсия дар Тоҷикистон ислоҳоти ҳуқуқӣ ҳамчун яке аз самтҳои муҳими талаботи объективии рушди ҷомеа идома ёфта, нахустин санадҳои танзимкунандаи муносибатҳои вобаста ба ташаккули рукнҳои давлатдорӣ, фаъол намудан ва таҳкими сохтори ҳокимияти давлатӣ ба тасвиб расида, мақоми нави ҳокимияти давлатӣ ҷавобгӯ ба талаботи замон ва ҷомеа таъсис дода шуд. Дар сатҳи Конститутсия забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ эътироф шуд ва ин меъёр имкон дод, ки арзишҳои миллию фарҳангии миллати тоҷик эмин нигоҳ дошта шуда, ба эҳёи дубораи забони тоҷикӣ шароити мусоид фароҳам оварда шавад. Дар ин замина, забони тоҷикӣ дар кишвар рушд ёфта, Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав қабул карда шуд, ки вазъи ҳуқуқии забони давлатӣ ва истифодаи онро дар кишвар танзим намуд. Қонуни асосии кишвар инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро ба сифати арзиши олӣ эътироф карда, дахлнопазирии ҳуқуқҳои фитрӣ, аз ҷумла ҳаёт, қадр ва номуси инсонро эълон намуда, давлатро масъул месозад, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф, риоя ва ҳифз намояд. Бо мақсади татбиқи ин меъёри конститутсионӣ ва амалигардонии принсипи байналмилалии инсондӯстӣ аз соли 2003-юм нисбат ба занон ва аз соли 2004-ум умуман татбиқи ҷазои қатл боздошта шуд, ки ин кафолати пурраи таъмини ҳуқуқ ба ҳаёт мебошад. Дар сатҳи ин ҳуҷҷати сиёсӣ бори аввал истифода гардидани мафҳуми таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ҳамчун нишонаи муҳими мавҷудияти демократия барои амалӣ гардидани ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ мусоидат намуд ва ин меъёр имкон дод, ки шохаҳои ҳокимияти давлатӣ дар асоси принсипи боздорӣ ва мувозинат, мустақилона бидуни дахолат ба фаъолияти ҳамдигар ташаккул ёбанд. Дигар падидаи муҳиме, ки барои ташаккули арзишҳои соҳибихтиёрӣ ва рушди муносибатҳои байналмилалӣ замина гузошт, ин дар сатҳи Қонуни асосии кишвар эътироф ва эҳтироми меъёрҳои аз ҷониби умум пазируфташудаи ҳуқуқи байналмилалӣ ба шумор меравад. Аввалин маротиба санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, дар сатҳи Конститутсия ба сифати қисми таркибии низоми ҳуқуқии кишвар эълон шуда, дар асоси меъёри мазкур то ба имрӯз Тоҷикистон аксари санадҳои байналмилалиро оид ба ҳуқуқи инсон, мубориза бар зидди терроризм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир эътироф намуд. Раванди мазкур барои баланд гардидани мақоми Тоҷикистон дар арсаи сиёсати ҷаҳонӣ ва ба мақоми шоиста дар низоми навини муносибатҳои байналмилалӣ даст ёфтани давлати мо мусоидат кард. Конститутсия Тоҷикистонро давлати иҷтимоӣ эълон намудааст, ки ин меъёр ба пешрафти иқтисоди миллӣ, тақвияти низоми таъминоти иҷтимоии аҳолӣ, тандурустӣ, маориф, илм ва фарҳанг такони ҷиддӣ бахшид. Конститутсияи кишвар аз ҷониби давлат кафолат дода шудани фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро муқарар намуд ва ба ин тартиб, барои ташаккули муносибатҳои иқтисоди бозоргонӣ ва рушди иқтисодиёти кишвар мусоидат карда шуд. Дар як вақт беҳтар гардидани сатҳи иқтисодиёти кишвар имкон дод, ки маблағгузории давлатии соҳаҳои иҷтимоиву маориф зиёд гардида, вазифаҳои давлати иҷтимоӣ таъмин карда шаванд. Дар заминаи меъёрҳои Конститутсия давоми бисту ду сол соҳаи иқтисодии кишвар рушду такомул ёфта, кишвари мо ба як марҳалаи тозаи тараққиёти устувори хеш қадам гузошт, се рукни аслии дурнамои рушди Тоҷикистон – таҳкими истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ имрӯз дар остонаи қарни нав татбиқ мешаванд. Конститутсия муҳимтарин арзишҳои демократӣ, аз қабили ҳуқуқи ҳар шахсро ба озодии сухан, нашр, истифодаи воситаҳои ахбори омма, иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ, муттаҳид шудан, иштирок дар ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ихтиёран дохил ва баромадан аз онҳо, муроҷиат намудан ба мақомоти давлатӣ ва дигар ҳуқуқҳои фитриву позитивии инсонро мустаҳкам намуда, кафолати таъмин ва амалишавии онҳоро аз ҷониби тамоми мақомоти давлатӣ муқаррар кардааст. Вобаста ба ин, баъди ба даст овардани истиқолияти давлатӣ дар асоси меъёрҳои Конститутсия барои таъсиси ниҳодҳои демократӣ, яъне ҷомеаи шаҳрвандӣ замина гузошта шуда, механизми ҳамкории мақомоти ҳокимияти давлатӣ бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ таъмин гардид, ки ин иқдом барои густариши ислоҳоти иқтисодиву иҷтимоӣ ва ҳалли проблемаҳои ҳаётӣ мусоидат намуд. Ҷомеаи шаҳрвандӣ дар шароити муосир унсури муҳими ҷомеаи иҷтимоӣ буда, барои амалишавии ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд шароити зарурӣ фароҳам меоварад, аз ин лиҳоз алоқамандии мантиқии ин ниҳоди демократӣ бо Конститутсияи кишвар ба чашм мерасад. Дар шароити муосир муносибатҳои ташаккулёбандаи мутақобилан судманди ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ бо давлат таъмин гардида, вазифаи мақомоти давлатӣ бобати хизмат намудан ба манфиати ҷомеа ва шахс қувваи конститутсиониро касб намудааст. Барои бемамониат фаъолият намудани ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишвар қонунҳои зиёд, аз ҷумла «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот» «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул шуда, мавриди амал қарор доранд. Дар заминаи принсипи дунявияти давлати Тоҷикистон Конститутсия таъмини ҳуқуқ ба озодии виҷдон ва эътиқодро, ки ба зумраи ҳуқуқҳои табиии инсон мансуб мебошанд, кафолат дода, онро дар маркази ҳимояи давлатӣ қарор додааст. Ин меъёри конститутсионӣ барои тавъам сохтани арзишҳои динию ормонҳои фарҳангии миллат дар самти бунёди Тоҷикистони озоду демократӣ ва дунявӣ, рушди фазои озоди динӣ ва ташаккули шуури ҷамъиятӣ мусоидат намуда, барои ба миён омадани муносибати мусолиматомезона бо ҳама ғояву андешаҳои гуногун, аз ҷумла усулҳои дунявию демократӣ ва арзишҳои миллӣ, ки кафолати пешравии давлат мебошанд, замина гузошт. Қабули Конститутсияи нави Тоҷикистони соҳибистиқлол зарурати таъсиси низоми самарабахши ҳуқуқии ҳокимияти давлатиро ба миён овард. Сохторҳои давлатӣ, низоми судӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ аз нав ташаккул ёфта, ислоҳоти идораи давлатӣ оғоз гардид, ки он то ҳол идома ёфта истодааст. Дар ин раванад механизми ҳамкории ҳокимияти қонунбарор ва иҷроия такмил дода шуда, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҷараёни муҳокимаи қарорҳои қабулшаванда ва татбиқи онҳо таъмин гардида, барои густариши ислоҳоти иқтисодиву иҷтимоӣ ва ҳалли проблемаҳои ҳаёти кишварамон мусоидат намуд. Дар асоси Конститутсия дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби давлату ҳукумати кишвар бо мақсади таъмини волоияти қонун, таҳкими раванди демократикунонӣ дар ҷомеа, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва пешгирӣ намудани ҳар гуна ҳуқуқвайронкунӣ тадбирҳои муассир андешида шуда, як зумра санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардиданд ва имрӯз онҳо мавриди амал қарор доранд. Дар маҷмӯъ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои нишона ва хусусиятҳое мебошад, ки онҳо барои бунёди давлати муосири демокративу ҳуқуқбунёд замина гузошта, дар илми муосири ҳуқуқ ҷузъи таркибии қонунҳои сатҳи олӣ эътироф гардидаанд, чунончӣ: — афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ки аз ҳуқуқҳои табиии инсон маншаъ гирифта, бо кафолати давлатӣ таъмин карда мешавад. Давлати Тоҷикистон мустаҳкам ва шикастнопазир будани ин ҳуқуқу озодиҳо ва масъулияти давлатиро барои риоя ва ҳифзи онҳо эътироф менамояд; — дуюм, мустақилияти судҳо ҳамчун механизми асосии кафолати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд. Танҳо суди мустақил имкон дорад, ки ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандро аз дахолати дигарон самаранок ҳифз намояд. Принсипи кафолати мустақилияти ҳокимияти судӣ дар моддаи 84 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мустаҳкам гардида, татбиқи минбаъдаи амалишавии меъёри мазкур ва дар заминаи он ислоҳоти судии солҳои охир гузаронидашуда барои тақвияти мақомоти судӣ ва ташаккули ин шохаи ҳокимияти давлатӣ ҳамчун баамалбарорандаи адолати судӣ мусоидат намуд; — сеюм, волоияти Конститутсия нисбат ба ҳамаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ. Ягон қонун ё дигар санад наметавонад Конститутсияро ислоҳ ё пурра намояд ва ё ин ки зиёда аз ҳама ба он мухолифат намояд. Конститутсия якҷо бо ҳуқуқи табиӣ асоси низоми ҳуқуқиро ташкил дода, барои ба миён овардани тартиботе, ки дар он қонун ва ҳуқуқ ба ҳам мувофиқ мебошанд, равона мегардад; — чорум, афзалияти санадҳои байналмилалӣ. Ин хусусияти давлати ҳуқуқбунёд барои ба ҷаҳони муосир ворид шудани Тоҷикистон нигаронида шуда, дар заминаи меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ қонунгузории миллӣ ба шакли муайян дароварда шуда, ба ин васила рушди демокративу иҷтимоии давлат, ки аз санадҳои байналмилалӣ сарчашма мегирад, таъмин карда мешавад. Маҳкам Маҳмудзода Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, академики АИ ҶТ, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.