Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Панҷакент: Маркази иттилоотӣ барои сайёҳон кушода мешавад

Панҷакент: Маркази иттилоотӣ барои сайёҳон кушода мешавад

27-10-2016, 16:15
Хабарро хонданд: 343 нафар
Назарҳо: 0
Панҷакент: Маркази иттилоотӣ барои сайёҳон кушода мешавад

Дар доираи сафари кории роҳбарияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Панҷакент, Истаравшан, Хуҷанд ва Гулистону Бустон, дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои пешқадами сайёҳӣ масъалаи рушди инфрасохтори сари роҳ, хизматрасонии ошхонаву тарабхонаҳо ва меҳмонхона мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Тавре аз ин ниҳод ба faraj.tj иттилоъ доданд, дар ҷараёни мулоқоти роҳбарияти Кумита бо ширкатҳои сайёҳии вилояти Суғд, пешниҳод гардид, ки дар шаҳри Панҷакент бо такя ба имконият ва захираҳои бойи сайёҳӣ аз қабили Саразми бостон, Панҷакенти қадим, Ҳафткул, Панҷрӯд, базаи сайёҳии Артуч, ёдгории таърихии Хоҷа Муҳаммади Башоро ва Санҷартеппа кушодани Маркази иттилотӣ ва мағозаи савғотӣ барои сайёҳон дар назди Шӯрои рушди туризми Зарафшон, ки чанд сол боз фаъолияташ маҳдуд шуда буд, эҳё ва таъсис дода шавад.

Манбаъ мегӯяд, айни замон мутахассисон барои хизматрасонӣ дар ин марказ то охири сол аз омӯзиш ва таҷрибаи Марказҳои иттилотии шаҳри Хуҷанд ва Хоруғ гузашта, аз аввали мавсими сайёҳӣ дар соли 2017 ин марказ ба таври расмӣ ба фаъолият оғоз хоҳад кард.

:. ХАБАРИ РӮЗ 27.10.2016 11:57 72
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: