Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Муаррифии имконоти сайёҳии «Сафеддара» дар Маскав

Муаррифии имконоти сайёҳии «Сафеддара» дар Маскав

31-03-2016, 13:00
Хабарро хонданд: 629 нафар
Назарҳо: 0
Муаррифии имконоти сайёҳии «Сафеддара» дар МаскавДар доираи 11-умин намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии “Интурмаркет 2016” (19-22 март) дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия бо ташаббуси ширкати “Экспотур” ҶДММ “Сафеддара” имкониятҳои сайёҳӣ ва хизматрасониҳои хешро муаррифӣ сохт.

“Интурмаркет” ягона муаррификунандаи ширкатҳои сайёҳии Русия ва кишварҳои наздик ба он аз қабили Испания, Египет, Марокко, Булғория, Хитой ва аксари кишварҳои пасошуравӣ маҳсуб меёбад. Имсол бори аввал дар таърихи мавҷудияташ ва он ҳам баъди бозсозиву барқарор шудани минтақаи истироҳативу варзишӣ ва сайёҳӣ, Сафеддара дар қатори дигар ширкатҳои сайёҳӣ ба ин намоишгоҳ даъват гардид.

Нисбат ба дигар ширкатҳои сайёҳӣ, ки хориҷиёнро ба сайёҳати доманакӯҳҳо ва дигар мавзеъҳои зебои Тоҷикистон сафарбар мекунанд, ширкати Сафеддара аз он ҷиҳат дар маркази таваҷҷуҳи сайёҳон қарор гирифт, ки дар баробари дар баландии кӯҳҳо ҷойгир шуданаш, шароити ҳамаҷиҳатаи зисту зиндагониро аз қабили меҳмонхона, тарабхона, маркази шабонаи дилхушкунӣ, ҷиҳози варзишиву дигар анвои истироҳатро дорост.

“Сафеддара” ягона машқгоҳи варзишии зимистона дар Тоҷикистон буда, солона ҳудуди 3 ҳазор нафар ба ин минтақа барои истироҳат мераванд. Маҷмааи мазкур ҳанӯз дар даҳаи 70-уми асри гузашта дар замони собиқ Шӯравӣ бунёд шуда, дар баландии 2300 метр ҷойгир шудааст.

Иқлиму мавқеъи ҷуғрофии ин минтақа дар дараи Тагоби Варзоб имкон медиҳад, ки барф дар ин ҷой то моҳи май об нашавад. То охирҳои соли 2015 ин минтақа дар ихтиёри Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ буд ва аҳволи на он қадар хуб дошт. Барои ҳамин Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амвол базаи “Сафедорак”-ро барои эҳё ва бозсозии дубора ба ихтиёри ширкати “Сафеддара” супорид.

Ин ширкат саъй дорад, ки давоми 5 соли оянда ба ин база 45 миллион сомонӣ сармоягузорӣ карда, 120 ҷойи нави корӣ таъсис диҳад ва онро ба беҳтарин минтақаи сайёҳӣ ва варзишии зимистона табдил диҳад.
http://news.tj/
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: