Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Тоҷикистон-ҷавҳари кашфношуда

Тоҷикистон-ҷавҳари кашфношуда

5-09-2016, 15:46
Хабарро хонданд: 244 нафар
Назарҳо: 0
Тоҷикистон-ҷавҳари кашфношуда
2 сентябри соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи Hayatt бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдори кишвар дуввумин Конфронси байналмилалии сайёҳӣ таҳти унвони «Тоҷикистон-ҷавҳари кашфношуда:мушкилот ва дурнамо» доир гардид, ки дар кори он намояндагони идораҳои дахлдори кишвар, масъулини соҳаи сайёҳии давлатҳои хориҷӣ, коршиносон, сафирону кормандони корпуси дипломатӣ, ташкилоти байналмилалӣ ва намояндагони соҳаи сайёҳии Тоҷикистон ширкат доштанд.
Абдуллозода Аҳтам Рустам-Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни бароди хеш дар хусуси аҳамияти соҳа дар кишвар, ки манотиқи аз лиҳози сайёҳӣ дилкаши олам маҳсуб мегардад, сухан ронда, иброз дошт, ки рушди соҳаи сайёҳӣ ва муаррифии Тоҷикистон ҳамчун кишвари туристӣ ба пайдо кардани роҳҳои ҳалли мушкилот, инкишоф ва рушди инфрасохтори соҳа, тавлиди ҷойҳои нави корӣ ва вориди маблағ ба буҷаи давлат мусоидат мекунад. – Сиёсати эълоншудаи «дарҳои кушод», пойдории сулҳу субот дар ҷумҳурӣ ва рушди иқтисодиёти кишвар ба он мусоидат намуд, ки ҳоло Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳгонаи кишварҳои туристии рӯ ба рушд қарор гирифтааст. Имрӯз рушди соҳаи сайёҳӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати кишвар ба шумор рафта, аз ҷониби Ҳукумати кишвар барои роҳандозӣ намудани лоиҳаҳои соҳавӣ корҳои зиёде анҷом дода мешаванд, - гуфт ӯ.
Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маърӯзаи хеш-«Мероси таърихиву фарҳангӣ омили ҷалби сайёҳон:мушкилот ва дурнамо» қайд намуд, ки дар кишвар 2020 мероси таърихиву фарҳангӣ ва табиӣ, азҷумла 1278 мероси бостонӣ ва 442 таърихӣ ва ғайра мавҷуд ҳастанд, ки 13-и онҳо ба феҳристи ЮНЕСКО дохил шудаанд. Барномаи давлатии рушди соҳаи сайёҳӣ барои солҳои 2015-20 қабул шудааст, ки то ҳоло 60 миллион сомонӣ, аз ин шумора 7 миллион сомонӣ маблағҳои буҷавӣ барои тармиму таҷдид ва нигаҳдории осори таърихӣ масраф гардидааст. Дар ин замина бояд аз таҷрибаи кишварҳои хориҷӣ истифода бурд, ки ҳоло соҳаи сайёҳӣ дар мамолики мутараққӣ аз рӯи даромаднокии буҷа мақоми саввумро касб кардааст.
Ҳақдод Маҳмадшариф Маҳмуд-муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маърӯзаи «Соҳаи сайёҳӣ омили муаррифии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар:мушкилот ва дурнамо» баромад намуда, зикр кард, ки барои ҷалби сайёҳон ва сармояи берунӣ низоми раводиди электронӣ барои гирифтани раводиди Тоҷикистон қабул шудааст, ки ташрифи меҳмонон ва сайёҳони хориҷиро ба кишвар зиёдтару осонтар хоҳад кард. Дар он кишварҳое, ки намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон вуҷуд надорад, чунин раводид бо таври электронӣ судур мешавад, ки шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд озод аз ин хидматрасонӣ истифода баранд, ки ба манфиати кор буда, шумораи ашхосеро, ки мехоҳанд аз ҷойҳои таърихиву табиии нотакрори Тоҷикистон дидан кунанд, ба маротиб афзун хоҳад кард.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки айни замон дар 11 макотиби олии касбӣ дар 10 номгӯи ихтисоси соҳа зиёда аз 2500 донишҷӯ таҳсил доранд, ки мутаассифона на ҳамаи онҳо баъди хатми донишгоҳ аз рӯйи ихтисос соҳиби ҷойи корӣ мегарданд. Қайд карда шуд, ки барои ҳалли ин масъала ҳамкориҳои макотиби олӣ ва кордиҳандагон-ташкилоти соҳавӣ бояд густурда бошанд, то ин ки оянда чунин мушкилот бартараф карда шавад.
Дар конфронс ҳамчунин коршиносону мутахассисони ватаниву хориҷӣ суханронӣ намуданд. Фардои чорабинӣ-3 сентябр дар Боғи Ирами пойтахт Фестивали фарҳангиву сайёҳии Мероси Роҳи Абрешим бо номи «Рангоранг» баргузор гардид, ки дар доираи он ярмарка ва озмуни ҳунармандони ватанӣ ба маърази тамошобинон гузошта шуд.
Азамат Дӯстов






Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: