Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » «Конститутсия – бахтномаи миллат»

«Конститутсия – бахтномаи миллат»

18-10-2016, 16:19
Хабарро хонданд: 538 нафар
Назарҳо: 0
«Конститутсия – бахтномаи миллат»
Ҷомеаи мутамаддинро бе нақши зан тасавур кардан мумкин нест. Хушбахтона, бузургтарин ҳадафи ҳизбамон бунёди ҷомеаи адолатпарвар бо иштироки занони заковаташон таҷассумгари маънавиёти гаронбаҳои халқи куҳанбунёди мо мебошад. Ғамхорӣ дар ҳаққи занон ва ҳарчи бештар ба арсаи сиёсӣ ҷалб намудани онҳо ҳамеша дар мадди назари Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон буда, дар як муҳлати кутоҳ дар ин самт корҳои намоён ва дастовардҳои назаррас ба даст омадааст.
Дар ноҳияи Ёвон дар доираи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи ҲХДТ семинари омӯзишӣ дар мавзуъи «Конститутсия – бахтномаи миллат» доир гардид. Дар семинари мазкур муовини раиси Кумитаи Марказии ҲХДТ Бобоҷониён Раъно, мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи Марказии ҲХДТ Шарифзода Фирӯза Бурихон, шоира Меҳринисо Бобобекова ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ализода Аҳмадҷон иштирок доштанд.
Семинари мазкурро раиси ноҳияи Ёвон, узви Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон Амирбеки Темур ҳусни оғоз бахшид.
Сипас муовини раиси Кумитаи Марказии ҲХДТ Раъно Бобоҷониён ба сухан баромада, қайд намуд, ки баъди он ки Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти комили давлатӣ ба даст овард, давлат мавқеи занонро дар ҷомеа ҳамчун як масъалаи ниҳоят муҳим ва ҳалталаб ба миён гузошт. Ба хотири баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа, таъмини асли баробарии ҳуқуқи зану мард чораҳои мушаххас андешид ва барои ширкати занон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар корҳои зиёди назаррасро ба сомон расонида, шароити мусоид фароҳам овард.
Ин буд, ки чанд соли охир таваҷҷуҳ, муносибат ва фикру андеша нисбат ба зан ранги тоза гирифт. Эътироф гашт, ки зан як узви пешбари ҷомеаи башарӣ буда, бо зеҳну хиради созандаи хеш қодир аст, ки дар ривоҷу равнақ, пешбурд ва густариши паҳлуҳои мухталифи ҳаёт ҳидмати гаронбаҳоеро ба ҷо биёрад.

Бобоҷониён дар идома оид ба пешравӣ ва дастовардҳои ноҳияи Ёвон дар давоми солҳои соҳибистиқлолии кишвар, баланд бардоштани мақому манзалати зан – модари тоҷик, иштироки фаъолонаи онҳо дар ҷомеаи имрӯза, дастгирии бевоситаи занону духтарони лаёқатманд аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, фаъолияти занони тоҷик дар тамоми соҳаҳои кишвар гуфта гузашт. Дар зимн ба аҳамияти таъсиси квотаҳои президентӣ, ба зинаҳои гуногуни роҳбари пешбарӣ намудани занону бонувони лаёқатманд изҳори назар карда, бо хитоб ба бонувони ноҳия таъкид намуд, ки минбаъд низ фаъол бошанд ва бо ҳидояту ҷалби духтарон ба зинаи сеюми таҳсил, баланд бардоштани
маърифату ҷаҳонбинии духтарону занон, тарбияи фарзандон дар руҳияи ватандӯстӣ, талош барои расидан ба қадри сулҳу субот, дастгирии ҳамаҷонибаи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид шуд.
Шоира Меҳринисо Бобобекова қайд намуд, ки чанд соли охир таваҷҷуҳ, муносибат ва фикру андеша нисбат ба зан ранги тоза гирифт. Эътироф гашт, ки зан як ҷузъи пешбари ҷомеаи башарӣ буда, бо зеҳну хиради созандаи хеш қодир аст, ки дар ривоҷу равнақ, пешбурд ва густариши паҳлуҳои мухталифи ҳаёт кӯмак мекунад.
Ба гуфтаи ӯ,имрӯз зани тоҷик на он занест, ки даҳ соли қабл буд. Ӯ ба шарофати сиёсати хирадмандонаи давлатдории имрӯза мавқеи худро пайдо карда, дар зинаҳои гуногуни сохторҳои давлатӣ фаъолона ифои вазифа менамояд. Ва як чиз мусаллам аст, ки дар ҳар ҷое зан сарвариро ба уҳда дорад, онҷо тартибу низом ҳукмфармо буда, пешравӣ дида мешавад.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ализода Аҳмадҷон ба сухан баромада, оиди нақши занони ноҳия дар пешравии ҷомеа, иштироки фаъолонаи онҳо дар чорабиниҳои ҳизбӣ, фаъолгардонии ситодҳои доимии ҳизбӣ суханронӣ намуд. Ӯ таъкид кард, ки бо шарофати Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ дар ҳаёти занони кишвар низ тағйироти куллӣ ба амал омадаанд. Дар вилоят кор бо занон, баланд бардоштани маърифати сиёсии онҳо, кӯмаки ҳамаҷониба шуда, ҳалли мушкилоти иҷтимоиву иқтисодиашон дар қатори масъалаҳои муҳим гузошта шудааст.
Баъдан вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон Каримова Сабоҳат, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ёвон Султонова Амина ва шоираи ёвонӣ Иззатуллоева Сулҳия баромад намуда, суханрониҳои меҳмонони олиқадрро дастгирӣ намуданд.
Саёҳат Абдуллоева,
муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: