Сиёсати бунёдкориву созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ дар амал!21-05-2016, 18:30
Хабарро хонданд: 384 нафар
Назарҳо: 0
![]() ![]() ![]() ![]() Бояд тазаккур дод, ки ин бино дар вилояти Хатлон 7-умин бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ буда, ҳуҷраҳои кории он бо таҷҳизоти наву замонавӣ ва техникаи компютерӣ таҷҳизонида шудааст. ![]() Зимни баргузории Аксия муовини Раиси ҲХДТ Раънохон Бобоҷониён, муовини раиси вилоят Махфират Хидирзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Аҳмадҷон Ализода, узви Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён, раиси ноҳия Абдураҳмонзода Саидумрон Назар ба сухан баромада, аз ҷумла таъкид намуданд, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо дар интихоби ояндаи зиндагии шоистаи худ соҳибихтиёрем. Бо дарки ин воқеият рӯзи 22 майи соли 2016 дар маъракаи муҳими сиёсӣ – Раъйпурсии умумихалқӣ иштирок намуда, устуворона барои ояндаи боамну озодиву ободии Ватани азизамон Тоҷикистон ва осудагиву хушбахтии худ раъй медиҳем, таъкид карда шуд, ки овози ҳар як нафар дар раъйпурсӣ ҳалкунанда буда, хусусан ҷавонон бояд фаъолнокии махсус зоҳир намоянд. Иштирокдорони Аксия комилан якдилӣ нишон дода, изҳор доштанд, ки раъйпурсии умумихалқӣ – кафили пойдории сулҳу суботи ҷомеа мебошад. Бо дарки масъулияти ватандӯстона ҳамагон изҳор намуданд, ки дар рӯзи раъйпурсии умумихалқӣ ҳама чун як тан иштирок хоҳанд кард. Тамоми иштирокдорони Аксияи ҳизбӣ бо рӯҳи болида ва иродаи қавӣ омодагиашонро дар раъйпурсии умумихалқӣ изҳор менамуданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.