ҲХДТ- дастгири ҳамешагии ниёзмандон17-10-2016, 13:10
Хабарро хонданд: 204 нафар
Назарҳо: 0
Ҳамасола мардуми мамлакатҳои дунё Рӯзи байналмилалии «Асои сафед»-ро, ки ифодагари ҳамраъйӣ ва дастгирии шахсони нобино мебошад, пешвоз мегиранд. Дар Тоҷикистон низ ин рӯзро ба хотири дастгирии ин табақаи ниёзманди аҳолӣ ҷашн мегиранд. Имсол бо ташаббус ва дастгирии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар Маркази тавонбахшии Иттиҳодияи миллии нобиноёни Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба муносибати ин рӯз барои нафароне, ки воқеан дунёро бо чашми дил мебинанд, ҳамоиши фарҳангие доир гардид ва мо аз ин иқдом хеле шоду рӯҳбаланд гаштем. Дар дунё неъматҳое ҳастанд, ки бебаҳо мебошанд. Аз ҷумла, тандурустӣ, ки комил будани он бидуни биноиш ё қувваи босира имконнопазир аст. Мо дар рӯзгори пурталотум ва пурмоҷаро, ки ҷаҳонишавӣ ё глобализатсия ном дорад, зиндагӣ дорем ва ҳамарӯза шоҳиди садҳо ҳодисаҳои нохуш ва падидаҳои сурурангез мегардем, ки ин боиси ҳам рӯҳафтодагӣ ва ҳам шодии мо мебошад. Мо, нобиноён, ки қобилияти дидани ҳамаи ин воқеаҳоро надорем, дар баробари маҳдуд будани имкониятамон осудахотир нестем. Моён бо чашми дил эҳсос мекунем, ки дар ин ё он минтақа ҷанги хонумонсӯз рафта истодаасту тақдири чандин нафарон дар ин гирудорҳо ба қавле ҳал мегардад. Мо, тамоми гиру дори корзори зиндагиро бо нигоҳи дил арзёбӣ карда, ба қавли устод Рӯдакӣ ба ҷаҳон бо чашми хирад менигарем ва баҳои воқеии рӯзгори инсонро медиҳем. Асои сафеди нобиноён шахсони бино ва солимро ҳушдор медиҳад, ки бояд ба қадри зиндагию зебоиҳои он бирасанд ва дар фурсати кӯтоҳи он пайваста амали хайрро анҷом диҳанд. Рӯзи «Асои сафед»- рамзи ташаккули муносибати инсондӯстона ва эҳтиром нисбат ба нафароне мебошад, ки аз дидаи бино маҳруманд ва ҳамгироиву ҳамкории сохторҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятиро дар самти беҳбудӣ бахшидан ба зиндагии нафарони нобино ва дар маҷмӯъ гурӯҳҳои осебпазир таъкид мекунад. Нобиноӣ ҳарчанд нишонаи норасоии вазъи ҷисмонии инсон бошад ҳам, вале сиришти нафарони нобино зебо ва беолоиш аст. Доманаи андеша, тафаккур, нерӯи зеҳнӣ ва қувваи ҳофизаи онҳо беканор ва тавоно буда, имконият медиҳад, ки эшон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи башар фаъолият кунанд, эҷод намоянд ва зиндагии худро пеш баранд. Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ва пайгирона тамоми сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятиро ба дастгирӣ ва расонидани ёрӣ ба гурӯҳҳои ниёзманд ва осебпазири ҷомеа ҳидоят намуда, амалҳои фардии эшон барои ҳамагон намунаи ибрат гардидааст. Дар чорабиние, ки дар Иттиҳодияи миллии нобиноёни Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз, роҳбари Иттиҳодияи миллии нобиноёни Тоҷикистон Тӯра Давлатов, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов ширкат намуда, аъзоёни иттиҳодияро ба муносибати рӯзи «Асои сафед» табрику муборакбод намуданд ва фаъолони ҷамъиятро бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карданд. Дар анҷоми чорабинӣ аз ҷониби ҷавонони фаъол ва эҷодкори Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»-и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд барномаи рангини консертӣ намоиш дода шуда, барои тамоми иштирокдорон дастурхони хайриявӣ ороста шуд. Ман ҳамчун роҳбари ҷамъият миннатдории самимонаи худро ба Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд барои дастгирии ҳамаҷониба дар баргузории чорабинии мазкур мерасонам ва бовар мекунонам, ки мо низ дар навбати худ сиёсати хирадмандонаи Раиси муаззами ҳизби созанда ва бунёдкор- ҲХДТ-ро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем ва баҳри ободию шукуфоии кишварамон саҳми назарраси худро мегузорем. Абдусаттор Ҷалилов, Директори Иттиҳодияи миллии нобиноёни Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва ҷамъи аъзоён |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.