Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Дастгирии ниёзмандон

Дастгирии ниёзмандон

31-10-2015, 15:23
Хабарро хонданд: 443 нафар
Назарҳо: 0
Дастгирии ниёзмандон
Дар қабулгоҳи ҷамъиятии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд, аъзои ҲХДТ Гарифулин Борис Азизович санаи 24-уми октябр оид ба ободии хонаи истиқоматиаш муроҷиат карда буд. Ба ин хотир, санаи 31 октябр аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»-и кумиҷроия хонаи истиқоматии Гарифулин Борис Азизовичро аз партовҳо тоза карда, ба корҳои ӯ кӯмак расониданд.

Амалӣ сохтани Барномаи паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва ноил гардидан ба иҷрои Ҳадафҳои рушди ҳазорсола, ки имрӯзҳо дар кишварамон мавриди тадбиқ қарор доранд, яке аз бахшҳои таркибии сиёсати иҷтимоии ҲХДТ, ҳизбе, ки амният ва некӯаҳволии инсонро дар сархати сиёсати хеш қарор додааст, мебошад.

Зикр намудан зарур аст, ки чун тамоми кумитаҳои иҷроияи ҳизбӣ Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ҳамеша оилаҳои ниёзмандро дастгирӣ намуда, барои ноил гардидани шаҳрвандон ба зиндагии шоиста мусоидат менамояд.
©Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар в. Суғд
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: