Чорабинии идона таҳти унвони «Асои сафед»17-10-2016, 09:03
Хабарро хонданд: 299 нафар
Назарҳо: 0
Бахшида ба рӯзи нобиноён кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд дар чорабинии идона, ки таҳти унвони «Асои сафед» дар маҷмаи кӯдакистон-мактаби махсус барои бачагони қувваи босириашон суст ва нобинои шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, ширкат варзиданд. Мудири шӯъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Мукаррама Неъматова дар чорабинӣ баромад намуда, ҳамаи иштирокчиёни чорабиниро ба муносибати идашон табрику муборакбод намуд ва дар вазъияти тантанавӣ се нафар омӯзгорон бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд қадршиносӣ карда шуданд. Инчунин, ба муассисаи мазкур тӯҳфаҳои кумиҷроияи шаҳрии ҳизб тақдим карда шуд. Дар охири чорабинӣ баҳри болидахотирии иштирокчиёни чорабинӣ аз ҷониби санъаткорони варзида барномаи фарҳангӣ барпо гашт. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.